Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ НАСАВӢ

МУҲАММАДИ НАСАВӢ

nophotoМУҲАММАДИ НАСАВӢ— Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Муншӣ мулаққаб ба Шиҳобуддин (соли таваллудаш номаълум, қалъаи Хурандизи назди ш. Нисо —1249, Ҳалаб), муаррихи асри 13. Аз оилаи заминдори хурди хуросонӣ.

М. Н. чанде дар хизмати хокимони махаллии хонадони Алй Хамза буда, с. 1224 ба хизмати Ғиёссуддин (ба­родари Ҷалолуддини Хоразмшоҳ) мегузарад. Баъди марги Ҷалолуддин дар хизмати хонадони Айюбиён бу­да, асари «Нафсат-ул-масдур»-ро ме­нависад, ки дар он ҳасби ҳоли худро баён кардааст. Муҳаммади Насавӣ соли 1237 (ё 1239) вазирии яке аз хоразмиён — Баракахонро ихтиёр мекунад. 1241-1242 аса­ри машҳури худ «Сират-ус-султон Ҷалолуддини Менгбурнӣ» («Шарҳи ҳоли султон Ҷалолуддини Менгбурнӣ»)-ро ба забони арабӣ менависад. Дар ин асар воқеаҳои солҳои 1218—1231, аз ҷумла солҳои охири ҳукмронии Муҳаммади Хоразмшо ҳучуми Чингизхон ба Осиён Миёна ва Эрон ва муборизаи Ҷалолуддини Хоразмшоҳ ба муқобили муғулҳо муфассал баён ёфтаанд. Ин асар дар охири асри 13 ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Нус­хаи арабиаш дар Париж, Қохира ва русиаш дар Боку нашр шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …