Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ ЛОҲИҶОНӢ

МУҲАММАДИ ЛОҲИҶОНӢ

nophotoМУҲАММАДИ ЛОҲИҶОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнависи охири асри 16—аввали асри 17  форс. Номи падараш Нуруддин Муҳаммад. Муҳаммади Лоҳивонӣ аз шогирдони беҳтарини Минимоди Хиравӣ буд. Ӯ дар дарбори Шоҳ Аббос ба китобат машғул шу­дааст. Баъди қатли устодаш ӯ аз ин даргоҳ ранҷида, ба Лоҳинон рафт ва пас аз муддате Шоҳ Аббос боз ӯро ба Исфаҳон даъват карда, китобати асарҳои машҳурро ба зиммаи ӯ гузошт. Баъд аз марги Миримод обрӯ ва шӯҳрати Муҳаммади Лоҳиҷинӣ хеле афзӯд ва ҳатто ба унвони «хушнависи Эрон» соҳиб шуд. Осори ӯ: як нусхаи «Қо- меъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфӣ дар Китобхонаи миллии Теҳрон, як нусхаи «Нигористон»-и Қозӣ Аҳмади Ғаффорӣ дар Китобхонаи миллии Теҳрон, як маҷмӯаи иборат аз девонҳои Ҳофиз, Мағрибӣ, Авҳадӣ ва дигарон дар Китобхонаи хусусии доктор Маҳдавӣ (Теҳрон) нигоҳ дошта шудаавд.

К. Махсумов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …