Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ КОШОНӢ

МУҲАММАДИ КОШОНӢ

nophotoМУҲАММАДИ КОШОНӢ ибни Мирмуиззуддини Муҳаммад (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1549), хаттот ва шоири форс-тоҷик. Аз Мирҳуббатуллохҳи Қошонӣ хати настаълиқро омӯхта, дар навиштани он ба дараҷаи устодӣ расид. Дар навиштани дигар намудҳои хат низ шӯҳрат ёфтааст. Муҳаммади Кошонӣ хати   настаълиқро ба да­раҷаи хушнависони Хуросон Маҳмуди Шиҳобӣ ва Мирзо Саидаҳмади Машҳадӣ менавишт. Муҳаммади Кошонӣ дар  сурудани шеър низ маҳорати комил дош­та, ба худ «Муъзӣ» тахаллус интихоб кардааст. Дар байни ашъори то ба мо расидаи ӯ қитъае ҳаст, ки дар он Муҳаммади Кошонӣ эътиқодмандии худро ба хушнависон баён намуда, онҳоро си­тоиш кардааст. Аз осори хаттотии ӯ як нусхаи мақолоти Абдуллоҳи Ансорӣ ва як қитъа аз мураққаъ дар Китобхонаи давлатии Теҳрон, 17 қитъа аз мураққаоти мухталиф дар Китобхонаи авқофи Истамбул маҳфузанд.

К. Махсумов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …