Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ ҶОҶАРМӢ

МУҲАММАДИ ҶОҶАРМӢ

nophotoМУҲАММАДИ ҶОҶАРМӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 14 форс-тоҷик. Писари Бад­ри Ҷоҷармӣ. Дар бораи ҷараёни зиндагии ӯ маълумоте дастрас нест. Зод­гоҳаш Ҷоҷарм. Муҳаммади Ҷоҷармӣ ба Исфаҳону Ироқ сафар намуда, дар он ҷойҳо чанде умр ба сар бурдааст. Аз эҷодиёташ танҳо китобе бо номи «Муънисс-ул-ҳирор фӣ дақоиқ-ил-ашъор» маълум аст, ки таснифаш соои 1341 анҷом ёфта, дар он ашъори як силсила шоирони бузурги то замони муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Вале, бино ба гуфтаи Саид Нафисӣ («Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ) китоби мазкур соли 1303 аз тарафи Каломии Исфаҳонӣ таълиф шу­да буд. Муҳаммади Ҷоҷармӣ ба он ашъори худро дохил кардааст ва онро ҳамчун таъ­лифоти худ пешниҳод намудааст.

У. Яъёев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …