Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ АДИМИИ ИСФАҲОНӢ

МУҲАММАДИ АДИМИИ ИСФАҲОНӢ

nophotoМУҲАММАДИ АДИМИИ ИСФАҲОНӢ    (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош ва мусаввири ачри 15  форс-тоҷик. Аз наққошони Ҳирот, ҳамасри Алишери Навоӣ. Ас­лан аз Исфаҳон буда, дар мактаби Ҳирот тарбия ёфтааст. Дар илми ҳандасаю нуҷум, дар наққошию суратгарӣ шӯҳрат доштааст. Муҳаммади Адимии Исфаҳонӣ аз ҷумлаи шахсонест, ки аз Ҳирот ба Каэвин бурда буданд. Дар поёни умр дар китобхонаи Бахроммирзо бо Дӯстмуҳаммади Ҳиравӣ ҳамкорӣ мекардааст. Намунаи осораш дар музей ва китобхонаҳои Ҳироту Эрон маҳфуз аст.

А. Нуров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …