Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДҲУСАЙНИ ҲИРАВӢ

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ҲИРАВӢ

nophotoМУҲАММАДҲУСАЙНИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 15 форс-тоҷик. Писари Хоҷа Сонени вазир. Ас­лан аз Бохарз буда, дар Ҳирот умр ба сар бурдааст. Муҳаммадҳусайн Ҳиравӣ аз шогирдони Миралии Ҳиравӣ ва Муҳаммадқосими Шодишоҳ аст. Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ Муҳаммадҳусайни Ҳиравиро ба Қазвин даъват кард. Пас аз чанде аз хизмати дарбор дилгир шуда, аз шоҳ иҷозати истеъфои вазифа хост, лекин ӯ қабул накард. Пас аз вафоти шоҳ Таҳмосп ба Хуросон баргашта, ба деҳқонӣ машғул шуд. Намунаи осори хаттии Муҳаммадҳусайни «Куллиёт»-и Ҷомӣ бо хати зебои настаълик дар Китобхонаи давлатии Кобул маҳфуз аст.

А. Нуров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …