Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ

МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ

nophotoМУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳаттот, наққош, ҷадвалкаш, лаввоҳи асри 17. Шогирди Миралии Хаттот. Аз овони ҷавонӣ ба нигоришу хушнависӣ, ҳалкорию лаввоҳӣ шуғл дошта, дар айни ҳол санъати наққоширо аз Мирзоалии Мусаввир ва Мираки Исфаҳонӣ омӯхт. Баъ­ди камолоти ҳунар ба Табрез рафта, дар он ҷо девонҳои Саъдӣ, Ҳофиз, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷоми­ро китобат карда ороиш додааст. Ӯ дар хушнависӣ, лаввоҳӣ, ҷадвалкашӣ шогирдони зиёде дошт.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …