Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДФАҚИР Оллоҳҳон

МУҲАММАДФАҚИР Оллоҳҳон

nophotoМУҲАММАДФАҚИР  Оллоҳҳон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош ва мусаввири охири асри 16 — аввали асри 17-и форсу ҳинд, аз мусаввирони машҳури тасвирҳои сиёҳқаламӣ дар Мактаби минётури Темуриёни Ҳинд. Дар нигориши мусаввараҳои размӣ (баталӣ) маҳорати баланд доштааст. Муҳаммадфақир Оллоҳонд ар зодгоҳаш Деҳлӣ аз устодони номӣ Муҳаммадмуроди Самарқан­дӣ, Ром Дас, Калавант, Сурн Гуҷаротӣ, Абдуссамадбеки Табрезӣ нозуки­ҳои санъати тасвириро омӯхтааст. Ӯ дар коргоҳи рассомони дарбори Темуриёни Ҳинд аз ҷумлаи беҳтарин устодон ба шумор мерафт. Тасвирҳои ӯ бештар ба мавзӯъҳои табиати зебоманзари Ҳинд, походу лашкаркашиҳои хонҳои Деҳлӣ буда, ороиши де­вони шоирони форс-тоҷик ва ҳинд, аз ҷумла ду нусхаи девони Амир Хусрави Деҳлавӣ ба қалами ӯ мансуб аст. Муҳаммадфақир Оллоҳҳон чанд тасвире низ ба­рои «Бобурнома» эҷод кардааст, ки яке  онҳо «Фатҳи қалъаи Дакан» нгм дорад.

  А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …