Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДАМИНИ МУСАВВИР

МУҲАММАДАМИНИ МУСАВВИР

nophotoМУҲАММАДАМИНИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафоташ номаъ-лум), мусаввир ва хушнависи охири асри 45 — аввали асри16 форс-тоҷик. Муҳаммадамини Мусавир дар Машҳад таваллуд шуда, айёми ҷавониро дар ҳамон ҷо гузаронидааст. Ӯ хаттотӣ, катибанависӣ, ҷадвалкашӣ, наккошӣ ва мусаввириро хуб омӯхта, сипас барои такмили касбу дониш ба Табрезу Исфаҳон рафтааст. Муҳаммадамини Мусаввир дар ҷадвалкашӣ маҳорати баланд дошта, дар афшонкорӣ, ҳалкорӣ ва ороиши коғаз низ устод будааст. Баъ¬ди чанде ба Бухоро рафта, дар коргоҳи мусаввирони он ҷо бо ҳамкории Авазмуҳаммади Мусаввир, Муқиммуҳаммад, Муҳаммадсалим ва ХоҷагаДои Наққош чандин девони шоирони форс-тоҷикро китобат карда оро додааст. Аз ҳунари ӯ китобати ду нусхаи девони Камоли Хуҷандӣ, як нус¬хаи девони Саъдӣ, Ҳофиз ва ороиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и
Низомӣ бештар машҳуранд. Муҳаммадамини Мусаввир шогирдони бисёреро тарбия карда¬аст, ки машҳуртарини онҳо муаллифи тазкираи «Гулистони ҳунар» Аҳмад ибни Мирмуншӣ мебошад. Охи¬ри умр ба зодгоҳаш баргашта, дар он ҷо фавтидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …