Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДАМИНИ ИНОҚ

МУҲАММАДАМИНИ ИНОҚ

nophotoМУҲАММАДАМИНИ ИНОҚ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1785), хони Хева, асосгузори сулолаи иноқҳои қунғурот. Яке аз сардорони қабилнаи кунғурот буда, баъди ғолиб омадан бар қабилаҳои дигари бодиянишин соли17 63 хони Хева шуд. Ба Муҳаммадамини Иноқ муяссар гардид, ки як қисми қабилаҳои ӯзбек, амалдорони шаҳр ва феодалону аҳкоми динро муттаҳид кунад. Барои мустаҳкаму васеъ намудани ҳудуди давлати худ бо қабилаҳои туркман ҷангида, соли 1770 ба онҳо зарбаи сахт зад. Соли 1782 ҳуҷуми амири Бухороро зада баргардонд. Дар замони ҳукмронии Муҳаммадамини Иноқ дар дарбори хон шӯрое амал мекард, ки ба ҳайати он қӯшбегӣ, меҳтар (сардори идораи молия) ва атолиқ (сарлашкар) дохил мешуданд. Гарчанде аъзоёни шӯро аз номи хон фармонҳо мебаровардавд, вале ҳокимият пурра дар ихтиёри Муҳаммадамини Иноқ буд.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …