Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДАЛИИ МУСАВВИР

МУҲАММАДАЛИИ МУСАВВИР

nophotoМУҲАММАДАЛИИ МУСАВВИР  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва ҳаттоти охири асри 16— аввали асри 17. Зодгоҳаш Кошон. Санъати наққошӣ, сураткашӣ, ҳалкорию ҷадвалкаширо аз Абдуосамади Шерозӣ омӯхтааст. Инчунин дар санъати хаттотӣ ном бароварда, ба шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз, Табрез рафта, бо тазйину тазҳиби девон машғул шуд. Пас ба Ҳирот ва аз он ҷо ба Китоб- хонаи Наввоби Машҳад рафта, то охири умр котибӣ кард. Як нусхаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва девони Шайх Аттор аз намунаҳои беҳтарини амали Муҳаммад Мусаввир аст.

А. Раҷабош

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …