Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲАММАДАЛИИ ҚӮЧОНӢ

МУҲАММАДАЛИИ ҚӮЧОНӢ

nophotoМУҲАММАДАЛИИ ҚӮЧОНӢ   (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1877), хушнавис ва донишманди форс. Аслан аз Қӯчон ном мавзеи Хуросон будааст. Лақаби Муҳаммадалии Қӯчонӣ «Санглох» бу­да, бештари осораш бо ин лақаб ва бо иловаи «Мирзо», яъне «Мирзо Санглох» боқӣ мондаанд. Дар бораи зиндагии ӯ маълумоти кофӣ нест. Муҳаммадалии Қӯчонӣ ба мамлакатҳои бисёр, аз ҷумла Мовароуннаҳр, Афғонистон, Ҳиндустон ва Осиёи Хурд сафар карда, дар ҳар кадоми ин кишварҳо осори хаттотии худро гузоштааст. Машҳуртарин осори Муҳаммадалии Қӯчонӣ як қитъаи дар санги мармар катибашудаи ӯст, ки барои он ҳашт сол кор кардааст (тули он 2 м 80 см ва арзаш 1 м 30 см). Муҳаммадалии Қӯчонӣ муаллифи асари дуҷилдаи «Тазкират-ул-хаттотии» (1874, Табрез) мебо­шад. Тазкираи номбурда аҳвол ва осори хушвисони пешина ва муосири муаллифро дар бар гирифтааст, ки дорои аҳамияти таърихӣ ва адабист. Муҳаммадалии Қӯчонӣ «Маҷмаъ-ул-ансоф» ном маҷмӯае низ тартиб додааст. Он аз ашъори шоироне иборат аст, ки Муҳаммадалии Қӯчониро васф кардаанд.

Қ. Махсумов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …