Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲАММАД

МУҲАММАД

nophotoМУҲАММАД  (тақрибан 570, Мак­ка— 8. в. 632, Мадина), воиз (ташвиқотчии дин) ва ходими сиёсӣ, муассиси ислом. Аввалин тарҷумаи ҳоли Муҳаммад нимаи дуюми асри 8 аз тарафи Ибни Исҳоқ («Ҳаёти расули худо») тартиб дода шудааст. Муҳаммад ба авлоди ашрофи бенавошудаи Банӣ Ҳошим (аз қабилаи Қурайш) мансуб буда, барвақт ятим мондааст. Муҳаммад аввал чӯпон ва баъд коргузор (мубошир) буд. Дар Арабистон ва берун аз ҳудуди он бо аҳкоми дини яҳуди, масехӯҳи ва таълимотҳои дигари динию сиёсӣ шинос гашд. Муҳаммад ба тоҷирзани бои Макка Ҳадиса хонадор шуд, ки ин барои комилан ба масъалаҳои динию ахлоқӣ шуғл варзидани ӯ шароит фароҳам овард. Мувофиқи ривоятҳои динӣ тақрибан соли 609 (ё 610) яке аз шабҳои моҳтобии моҳи рамазон ҳангоми бедорхобӣ тавассути Ҷабраил ваҳйи илоҳӣ ба Муҳаммад ошкор ва китоби (ба арабӣ Қуръон) улвӣ (вай гӯё дар олами улвӣ таҳти курсии Оллоҳ маҳфуз буд) ба ӯ нозил гардид. Гӯё Ҷаб­раил аз номи Оллоҳ Муҳаммадро ӯҳдадор намуд, ки ба ҳамватанони худ амру ваҳйи худовандро расонад. Пуштибонии хешу ақрабо, хусусан Ҳадиса, боварии таассубомези Муҳаммадро ба ҳақиқати «илохйҳӣ» будани таълимоташ қавӣ намуд. Муҳаммад эътиқодҳои кӯҳнаи бутпарастиро рад намуда, таълимоти худои қодиру ягонаро ба онҳо муқобил мегузошт. Тартиби босуботи тавҳид, шомилии эътиқоди ҷадид, ки сарфи назар аз мансубияти авлодию қабилавӣ баробарии ҳамаи пайравонро эълон мекард, ниҳоят қобилияти фавқулодаи сиёсию ташкилотии Муҳаммад дар байни қисме аз ҷамъияти Макка (асосан табақаҳои миёна) ҳамовозӣ пайдо кард. Вале табақаи болоии ҷамъияти Макка таълимоти Муҳаммадро ва писандид ва ба ӯ зид баромад. Муқобилияти олигархияи тиҷоратии Макка Муҳаммад ва тарафдоронашро маҷбур сохт ба Ясрио (баъдтар — Мадина) сафар кунанд. Рӯзи аз Макка ба Ма­дина кӯчидани Муҳаммадро ҳуҷрат (ба 22 сентябри 622-и солшумории мелоди рост меояд) меноманд. Баъди ҳиҷрат дар Ҳиҷозу Наҷ таълимоти нав интишор ёфт ва маҷусият аа байн рафт. Солҳои 630—631 мусулмонон бо сардории Муҳаммад шаҳри Макка ва баъдтар қисми зиёди ноҳияҳои қадимаи арабро ба тасарруфи худ дароварданд Муҳаммад ҳамчун сарвари динию сиёсӣ сардори давлати нави теократии исломӣ шуд.

Мақбараи Муҳаммад дар Мадина ҷои муқаддаси ислом ва зиёратгоҳи мусулмонон гардидааст (аз ҷиҳати дараҷа дар ҷои аввал Каъба меистад, ки дар Макка воқеъ аст).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …