Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲАММАД МАҲДИИ НАРОҚӢ

МУҲАММАД МАҲДИИ НАРОҚӢ

nophotoМУҲАММАД МАҲДИИ НАРОҚӢ  (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1831), яке аз уламои шиаи Эрон. Маълумоти ибтидоиро дар Кошон касб намуд. Баъди аз худ намудани сарфу наҳв, илми мантиқ, маониву баён ва фиқҳ ба Исфаҳон рафта, дар ҳавзаи илмии он фалсафа омӯхт ва ба зодгоҳи худ баргашта, ба дарс гуфтан машғул шуд. Бештар аз 30 асари илмӣ дар фалсафа, фикҳ, хандаса, ахлоқ ҳайат ва ғайра дорад. «Қур- рат-ул-айн» рисолаи фалсафии ӯст, ки масъалаҳои вуҷуд ва моҳият, исботи вуҷуди айнӣ, воҷибулвуҷуд, имконулвуҷуд ва ғайраро дар бар мегирад.

М. Ҳазротқулов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …