Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД ИБРОҲИМ

МУҲАММАД ИБРОҲИМ

nophotoМУҲАММАД ИБРОҲИМ ибни Му­ҳаммад Исмоили Исфаҳонӣ мутахаллис ба «Соғар» (таваллудаш номаълум — вафоташ 1884/85, Исфаҳон), ҳаттот ва шоири эронӣ. Аз хурди ба хушнависӣ шавқ дошта, баробари ин илми бадеъ, маъониву баён ва ғайраро омӯхтааст. Анвои хат, хусусан насхро бо камоли маҳорат менавишт. Ба Ҳиндустон рафта, «Ахлоқи Носирӣ»- ро соли 1850 ба чопи сангӣ омода сохт. Муҳаммад Иброҳим муаллифи достони ирфонии «Музаффарнома» (1877, Китобхонаи миллии, Теҳрон) — иборат аз 14 дафтари муҷаллад (аз сабаби дар 7 баҳри арӯз навишта шуданаш онро «Сабъат абҳур низ меноманд) ва мавзумаи «Баёт» (1878) буда, китобат ва ороиши онҳоро худаш анҷом додааст. Оид ба риёзату мӯъҷизоти анбиёву авлиё «Канз-ул-масоиб» (1857—1858, Бамбай) ном асари навиштааст.

Ад.: Стори Ҷ. А., Персидская лите­ратура. Био-библиографический обзор, ч. 1. Э. М.. 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …