Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД ИБНИ ВАСИФ

МУҲАММАД ИБНИ ВАСИФ

nophotoМУҲАММАД ИБНИ ВАСИФ  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 9 форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти маноаъҳои адабӣ ва таърихӣ, аз қумла, «Таърихи Систон солҳои зиёд қабири дарбори Яъқуб ибни Лайс будааст. М.уҳаммад ибни Васиф дар баробари Абулянбағӣ, Маҳмуди Варроқ, Ханзалаи Бодрисӣ, Бассоми Гурд ва дигарон яке аз нахустин шоиронест, ки ба забони форсии дарӣ шеър сурудаанд. Аз осори то ба замони мо расидаи Муҳаммад ибни Васиф то ҳол 38 мисраъ (аз «Таърихи Систон», фарҳангҳои форс-тоҷик) ҷамъоварӣ шудааст. Ашъори Муҳаммад ибни Васиф асосан аз қасида иборат аст.  Ӯ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нахустин шоирест, ки қасидаи мадҳӣ гуфтааст. Дар қасидаҳои Муҳаммад ибни Васиф баробари мадҳ мавзӯъ ва мазмунҳои пандуахлоқӣ мавқеи хос доранд.

Ад.: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1058;

У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …