Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ

nophotoМУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ — (соли таваллуд номаълум — вафоташ 931, Самарқанд), фақеҳи форс-тоҷик. Дар Балх таваллуд шуда, даврав тифлӣ ва кӯдакиашро он ҷо гузаронидааст. Асосан дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Илмҳои расмии замовашро омӯхта, яке аз машҳуртарин донишмандони аҳди худ гаштааст. Дар мадрасаҳои Самарқанд доир ба фиқҳ дарс гуфта­аст. Доир ба оиладорӣ, тарбияи фарзандон ва соҳибмаълумот гардонидани онҳо, иҷрои вазифа ақидаҳои диққатангез дорад. Муҳаммад ибни Фотеҳ шогирди Аҳмади Хизрӯй (вафоташ 854), устоди олимони машҳури асри худ Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммади Самарқандӣ ва Абумансури Самарқандӣ мебошад. Шарҳи таълимоти Муҳаммад ибни Фотеҳ дар асарҳои шогирдони зикршудааш «Ас-савод-ул-аъзам фи-л-калом» («Асари бузург дар илми калом») ё «Ас-суол-ул-аъзам» («Саволномаи бу­зург»); «Китоб-ул-усул» («Китоби асосҳо»); «Китоб-ут-тавҳид», «Китоб- ул-манолот» сабт шудааст.

Ад.: Бартольд В. В., Соч., т. 2, ч. 1, М., 1983; Таги рд жанов А. Т., Описание таджикских я персидских ру­кописей восточного отдела библиотеки ЛГУ, Иад-во ЛГУ, 1962; Абдуллое в И., Хякматуллоев X., Самарқандлик олимлар. Ташкент, 1989.

                                У. Назиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …