Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХАММАД ИБНИ БОБОИ САМАРҚАНДӢ

МУХАММАД ИБНИ БОБОИ САМАРҚАНДӢ

nophotoМУХАММАД ИБНИ БОБОИ СА­МАРҚАНДӢ     (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олим ва фақеҳи асри 16 тоҷик. Муфтии Самар­қанд дар аҳди Убайдуллоҳхони Шайбонӣ. Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мероси илмии Муҳаммад аз ин «Ал-фатво-ус-Самарқанд» («Фатвоҳои Самарқанд»), «Риёз-ул-музаккирин» («Риёзати зикркунандагон»), «Равзат-ул-воизин» («Боғи ҷаннати воизон»), «Рисолаи ҳисоб дар забти фароиз». «Риёзиёт» («Математика») ва ғайра иборат аст. Дар «Ал-фатво-ус- Самарқанд» баъзе масъалаҳои фиқҳ ҳал шудаанд. Ин асари Муҳаммад ба 32 фоҷиа, 33 воқеа ва дигар бобҳои хурд тақсим мешавад. Дар ин китоб шарту шароити талоқ харидуфурӯши замин ва баъзе масъалаҳои дигар низ шарҳ дода шудааст. «Равзат-ул-вои- зин» шарҳу эзоҳи ҳадис аст. «Рисо­лаи ҳисоб дао забти фароиз» аз тақсими мерос баҳс мекунад. «Риёзиёт» давоми мантиқии рисолаи фавқ мебошад. Осори Муҳаммад дар Шӯъбаи ленинградии институти шарқшиносии АФ СССР маҳфузаяд.

У. Назиров

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …