Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД ИБНИ БАЪЙС

МУҲАММАД ИБНИ БАЪЙС

nophotoМУҲАММАД ИБНИ БАЪЙС  (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 849/50), яке аз нахустин шоиронест, ки ба ду забон — форсӣ ва арабӣ шеър гуфтаанд. Ватани Муҳаммад ибни Баъйс Эрони Ғарбист. Вай ба сафи шӯришгаро­ни зидди арабҳо, ки сардораш Бобак буд, дохил шуд, вале баъдтар ба ӯ хиёнат карда, ба тарафи муқобилони Бобак гузашт. Пас аз чанде худаш бар зидди халифа Мутаваккил шӯриш бардошт, вале шикаст хурда асир афтод. Намунаи шеърҳои арабии Муҳаммад ибни Баъйс 12 байте мебошад, ки Табарӣ дар «Таърих-ур-русул ва-л- мулук» овардааст. Табарӣ китоберо ҳамчун санад ном мебарад, ки муаллифи он аз кӯҳансолони шаҳри Мароға шеърҳои форсии Муҳаммад ибни Баъйсро шунида будааст. Ҳамон кӯҳансолон нақл ме­кардаанд, ки Муҳаммад ибни Баъйс ҷасуру шуҷоъ, соҳиби илму адаб будааст. В. В. Бартолд мӯътақид аст, ки ашъори Муҳаммад ибни Баъйс, гарчанде дар замони Сомониён фаромӯш шуда бошанд ҳам, бешубҳа, дар байни муосиронаш шӯҳрат доштаанд.

Ад.: Бартольд В. В., Соч., т. VII, М., 1071.

            Г. Мардонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …