Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД ИБНИ АЛӢ

МУҲАММАД ИБНИ АЛӢ

nophotoМУҲАММАД ИБНИ АЛӢ ибни Муҳаммади Шабоякораӣ (таваллудаш 1298, Шабонкора — соли вафоташ номаълум), муаррих ва шоири форс- тоҷик. Хидмати Хоҷа Риёсуддини пи­сари Рашидуддини Фазлуллоҳро адо мекард. Қасоиди мадҳие ба ӯ бахшидааст. Соли 1333 ба таълифи китоби таърихи башар сар кард. Онро соли 1335 анҷом дода ба Риёсуддин пешкаш кард, то ӯ онро ба Абӯсаид — подшоҳи муғул бирасонад, вале Абӯсаид вафот кард ва китоби Муҳаммад ибни Алӣ дар натираи задухурде аз байн рафт. Муҳаммад ибни Алӣ китобро аз нав таълиф кард ва онро «Маҷмаъ-ул-ансоб» номид. Ин асар таърихи умумист, ки воқеоти то охири подшоҳии Абусаид рӯйдодаро дар бар мегирад. Маълумоти дар бораи баъзе силсилаҳои подшоҳӣ овардан Муҳаммад ибни Алӣ дар таърихҳои дигар ба назар намерасанд. Аз ин ки­тоб ду таҳрир — яке нусхаи ҳаҷман хурд ва дигар нухсаи комилтар то замони мо расидааст, ки дар Ленин­град ва инчунин китобхонаҳои Бодлеану Кембриҷ (Алглия) маҳфузанд.

Ад.: С т о р и Ч. А., Персидская лите­ратура. Био-библиографический обзор, ч. 1 М 1072

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …