Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲАММАД ИБНИ АҲМАДИ САМАРҚАНДӢ

МУҲАММАД ИБНИ АҲМАДИ САМАРҚАНДӢ

nophotoМУҲАММАД ИБНИ АҲМАДИ СА­МАРҚАНДӢ (со­ли таваллуд ва вафоташ номаълум), олим ва фақеҳи асри 11 форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш Самарқанд зиндагӣ ва таҳсил карда, барои такмили дониш ба Бу­хоро рафтааст. Дар он ҷо фиқҳ, ка­лом, мантиқ забони арабӣ, таърихи халқҳои Мовароуннаҳру араб ва ғайраро омӯхт. Мероси илмии ӯ «Туҳфат-ул- фукаҳо», «Эъзоҳ-ул-қавоид фи-л-муаммо» («Шарҳи қоидаи муаммо»), «Фӣ усул-ил-фиқҳ» («Доир ба асос­ҳои фиқҳ) ва ғайра буда, то замони мо расидаанд. Ду асари аввал ба забони тоҷикӣ, охирин ба забони арабӣ таълиф гардидааст. Асарҳои зикршуда барои омӯзиши таърихи таҳаввулу такомули фиқҳ ва муайян намудани мақоми он аҳамият дорад.

 У. Назиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …