Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД АЛИХОН

МУҲАММАД АЛИХОН

nophotoМУҲАММАД АЛИХОН (1810—1842, Қӯқанд), хони Қӯқанд (1822—1842). Баъди вафоти падараш Умархон ба тахт нишаст. Бо мақсади васеъ кардани ҳудуди хонии Қӯқанд соли 1829 ба Қошғар лашкар кашид. Мусулмонони Қошғар аз ин истифода бурда, ба муқобили Хитой сар бардоштанд. 70 ҳазор уйгурҳои мағлубгардида ҳамроҳи Муҳаммад баргашта, дар Шаҳрихон ва атрофи он маскан гирифтанд. Муҳаммад дар натиҷаи ҳуҷумҳои пай дар пай ба Қошғар ба ҳуқуқи аз шаҳрҳои Туркистони Шарқӣ ситонидани боҷ соҳиб гардид. Дар аҳди Муҳаммад корҳои обёрӣ хеле хуб ба роҳ монда шуданд. Дар наздикиии Тошкент ҷӯй бори Хонариқ кушода шуд. Робитаҳоиди пломатӣ ва тиҷоратӣ бо Рос­сия беҳтар гашт. Муҳаммад дар ҷанги байни Бухоро ва Қӯқанд мағлуб гашта, Хуҷандро ба Насруллоҳ супурд ва вассали ӯ шуд. Баъди ду соли ин воқеа дар Қӯқанд ба муқобили зулмиҳои шӯриши халқ сар зад. Насруллоҳ аз ин ҳодиса хабар ёфта, Қӯқандро зери даст кард, Муҳаммад ва хешовандони наздиктарини ӯро ба қатл расонд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …