Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД АБУТОҲИР

МУҲАММАД АБУТОҲИР

nophotoМУҲАММАД АБУТОҲИР Алӣ ибни Муҳаммад Абутоҳири Меъмор (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), меъмор ва ваққоши асри 12 форс- тоҷик. Аслан аа Сарахс буда, дар Бухоро фавтидааст. Дар овони ҷавонӣ санъати наққошӣ, хаттотӣ ва сонияи меъмориро омӯхт. Муҳаммад Абутоҳир махсусан дар санъати катибанависӣ ва ороиши биноҳо шӯҳрати зиёд дошта, хати кӯфиро хеле устодона менавиштааст. Дар тазйиву ороиши мақбараву масҷидҳои Бухорову Самарқанд иштирок карда, онҳоро бо хати кӯфӣ, райҳон ва сулс оро додааст. Муҳаммад Абутоҳир баробари ин чун меъмор ва бинокори соҳибҳунар эътироф гашта, тарҳ ва сохтмони ҷандин мадрасаву мавораҳо ба ӯ мансубанд. Яке аз шоҳкориҳои ҳунарии ӯ сохтмони Манораи Ҷарқурғон аст. Ин обидаи меъморӣ аз ҷиҳати сохт, бандубаст ва ороиши композитсионӣ аз беҳтарин ёдгориҳои асримиёвагии Шарқ ба шумор меравад.

Ад.: Пугаченмова Г. А., Рам­пе л ь Л. И., Выдающиеся памятника ар­хитектуры Узбекистана, Т., 1958.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …