Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД АБУНАСРИ ХУҶАНДӢ

МУҲАММАД АБУНАСРИ ХУҶАНДӢ

nophotoМУҲАММАД АБУНАСРИ ХУҶАНДӢ (соли таваллуд ва   вафоташ номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асри 15 тоҷик. Мусиқиро дар зодгоҳаш Хуҷанд ва Самарқанд омӯхтааст. Дар Самарқанд назди Султонмуҳаммади Уди Самарқандӣ аз назария ва амалияи мусиқӣ таълим гирифтааст. Бо таклифи дӯстонаш ба  Ҳирот рафта, аз устодони мусиқии он ҷо санъати сарояндагию навозавдагиро ба куллӣ аз худ кард. Ӯ бо Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Ризвоншоҳ шиносоӣ дошта, бисёр масъ­алаҳои мусиқиро аз онҳо омӯхт. Муҳаммад Абунасри Xуҷандӣ дар пайравии бастакор, мусиқишиноси номӣ Хоҷа Ризвоншоҳ ба усулҳои мухаммас, миатайн асарҳои зиёде эҷод намуда, рисолаи мусиқие низ навиштааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …