Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МУҒУЛИСТОН

МУҒУЛИСТОН

mongoliaМУҒУЛИСТОН, вилояти таърихии муғулнишин дар ҳудуди ҳозираи | Республикаи Халқии Муғулистон, ки дар сарчашмаҳои хаттии асри 8 зикр шудааст. То асри 13 яке аз улусҳои муғул, дар асри 13 давлати аввалини феодалӣ буд. Дар давраи истилои муғул (асри 13) Империяи феодалии муғулҳо ташкил ёфт, ки он мамлакатҳои истилошударо дар бар мегирифт. Дар давраи парокандагии феодалӣ (асрҳои 15—17) Муғулистон ба мулкҳои мустақили феодалӣ тақсим буд. Дар  асри 15 ба Муғулистони Шарқӣ ва Ғарбӣ, дар  асри 16 ба Муғулитсони Шимолӣ ва Ҷанубӣ, дар давраи ҳукмронии манҷурҳо (асри 17—  аввали асри 20) ба Муғулистони Дохилӣ ва Муғулистони Хориҷӣ чудо гардид. Дар натиҷаи Револютсияи Халқии Муғулистои (1921) дар саррзамини Муғулистони Хориҷӣ давлати мустақили халқии Муғулистои ба вуҷуд омад; соли 1924 Республикаи Халқии  Муғулистон (РХМ) ташкил шуд. Баъди таъсис ёфтани Республикаи Халқии Хитой (1949)            Муғулистони Дохилӣ ба pайони мухтории Республикаи Халқии Хитой РХХ (мухторияти Муғулистони Дохилӣ соли 1947 эълон шуда буд) мубаддал гашт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …