Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МУҒУЛИСТОН

МУҒУЛИСТОН

mongolia-gorodМУҒУЛИСТОН, Республикаи X а л қ и и Муғулистов (Бугд Найрамдах Монгол Ард Улс). Республикаи Халқии  Муғулистон РХМ (БНМАУ) — давлат дар Осиёи Марказӣ. Бо Иттифоқи Республикаҳои Советии  Сотсиалистӣ СССР ва Республикаи Халқии Хитой РХХ ҳамсарҳадаст. Масоҳат 1565 ҳазор километр2. Аҳолиаш  1,7 миллион нафар. (1981). Пойтахташ —  Улан-Батор (402,9 ҳазор нафар, 1980).  Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 18 аймоқ он тақсим мешавад; шаҳрҳои Улан-Батор ва Дархон воҳидҳои мустақили маъмурианд.

Сохти давлатӣ. Республикаи Халқии  Муғулистон РХМ — давлати сотсиалистӣ. Конститусияи ҷориаш  соли 1960 қабул шудааст. Мувофиқи он тамоми ҳокимият аз они халқи меҳнаткаш аст. Органи олии ҳокимияти давлатӣ ва органи ягонаи қонунбарор — Хурали бузурги халқӣ (ХБХ), ки онро аҳолӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Дар давраи байни сессияҳои Хурали бузурги халқӣ ХБХ органи олии ҳокимияти давлатӣ Президиуми он мебошад. Органи олии иҷроия ва амрдиҳанда ҳукумат (Совеиа Вазирон) буда, онро Хурали бузурги халқӣ ХБХ ташкил медиҳад. Органҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар аймоқҳо, шаҳрҳо, районҳои шаҳрӣ хуралҳои депутатҳои халқианд, ки онҳоро аҳолӣ ба мӯҳлати 3 сол интихоб мекунад.

Системаи судӣ аз Суди Олӣ, судҳои аймоқу шаҳрӣ, судҳои махсус (барои тафтиши ҷинояти хизматчиёни ҳарбӣ) ва судҳои сайёри аймоқ ва районӣ иборат аст. Суди Олӣ ва судҳои махсусро Хурали бузурги халқӣ ХБХ ба мӯҳлата 4 сол интихоб мекунад. Риояи қонунгузориро Прокурори Республикаи Халқии  Муғулистон РХМ ба амал мебарад.

Аҳолӣ. Аксарияти аҳолӣ (қариб 90%) муғулҳо (халха, бурятҳо), инчунин қазоқҳо, тувагиҳо, дюрбетҳо; дар шаҳрҳо хитоиҳо, русҳо низ зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — муғулӣ. Эътиқодмандон пайрави оини буддоӣ — ламаианд.

Шаҳрҳои калон: Дархон, Чойбалсан. Кобдо, Цэцэрлэг, Мурэн, Далан Дзадгад.

Табиат. Республикаи Халқии  Муғулистон РХМ дар зонаи дашт, ним-биёбон ва биёбони минтақаи мӯътадили шимоли шарқии Осиёи Марказӣ воқеъ аст. Қисми зиёди территорияи он дар баландии 1000—2000 метр ҷой гирифтааст, дар релефи он кӯҳҳо ва ҳамвориҳои баланд бартарӣ доранд. Қаторкӯҳҳои асосӣ: Олтои Муғул (нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Мунх-Хайрхон-Ула, 4362 метр), Олтои Гоби, Хангай. Дар қисми марказии Республикаи Халқии  Муғулистон РХМ кӯҳсори Хэнтэй воқест. Дар Ҷануб ва Ҷануби Шарқ як қисми биёбони Гоби ҷойгир аст. Дар Шимол ва Шимоли Ғарб якчанд водӣ ва хамиҳои сербари байникӯҳӣ: хамин Кӯлҳои Калон, Водии Кӯлҳо ва ғайра ҳастанд. Дар Шарқ ва Шимоли Шарқ ҳамвориҳои теппадор ва кӯҳҳои начандон баланд бештаранд.

Сарватҳои зеризаминӣ: ангиштсанг ва ангишти бӯр, волфрам, флюорит, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра. Иқлимаш ниҳоят континентӣ. Зимистонаш кам-

барфи хунуки давомдор (ҳарорати миёнаи январ —35°Селсия дар Шимол, — 10 Селсия дар Ҷануб). Тобистонаш гарми кӯтоҳ (ҳарорати мнёнаи июл аз 18* Селсия то 20* Селсия), Боришот дар Шимол— 200—3ОО миллиметр, дар Ҷануб қариб 100 миллиметр, дар кӯҳҳо то 500 миллиметр. Кӯҳи Олтои Муғул пиряхҳо дорад, қисми шимолии мамлакатро яхбандии доимӣ фаро гирифтааст. Дарёҳои калон: Селенга (ҳавзаи уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ), Керулен ва Он-он (ҳавзаи уқёнуси Ором), дарёҳои дохилӣ Дзабхон ва Кобдо. Кӯлҳои калон: Убсу-Нур ва Хиргис-Нур (шӯри баста), Хубсугул ва Хара-Ус-Нур (ширини равон). Хокаш асосан дорчинранг ва ӯрхок. Дар кӯҳҳо қитъаҳои сиёҳхок ҳаст. Дар Шимол ва Шимоли Шарқ даштҳое тӯл кашидаанд, ки дар он асосан растаниҳои хӯшадор ва дар кӯҳҳо набототи бешадашт мерӯяд. Тақрибан 10% территорияи мамлакатро беша (сӯзанбарг, ҷалғӯза, санавбар, коҷ, тӯс) фаро гирифтааст. Дар водии дарёҳо сафеддор, бед, буттаҳои гуногун мерӯяд. Дар Ҷануб ва Ҷануби Шарқ биёбон ва нимбиёбонҳо доман паҳн кардаанд, ки дар он асосан шибоғ, чий, хорбутта мерӯяд. Дар нимбиёбонхо ҷо-ҷо буттазори саксавул дучор меоянд.

Аз ширхӯрон дар ҳама ҷо хояндаҳо ва ба миқдори хеле зиёд — суғур, муши регзор, калламуш ва ғайра дида мешаванд. Аз сумдорон дар ин мам-лакат гӯрхар, ғизол, оҳуи даштӣ, марал, гавазн ва ғайра бештар аст. Дар бешаҳо самур, санҷоб, дар кӯхҳо шоҳгавазн, кабарга зиндагӣ мекунанд. Гург ва рӯбоҳ низ хеле бисёр аст. Баъзе намуди ҳайвонот (уштури ёбоӣ, аспи Пржевалский, хирси Гоби) ба ғайр аз Республикаи Халқии Муғулистон дигар қариб дар ҳеҷ ҷо дучор намеоянд.

Дар Хэнтэ ном атрофи Улан-Батор мамнӯъгоҳи Богдо-Ула (Чойбал-сан-Ула) ҳаст, ки онҷо олами наботот ва ҳайвоноти маҳал муҳофизат карда мешавад.

Очерки таърихӣ. Одам дар территорияи ҳозираи Муғулистон ҳанӯз дар охирҳои давраи палеолити поён (тақрибан 200—100 ҳазор сол қабл аз ин) маскун шуда буд. Дар давраи палеолити боло дар байни аҳолии қадимаи Муғулистон сохти модаршоҳӣ ба вуҷуд омад. Дар даврав неолит машғулияти асосии аҳолӣ шикор ва моҳигирӣ буд. Мардум дар ибтидои давраи неолит ва энеолит ба деҳқонӣ машғул будаанд. Охири давраи биринҷӣ ва дар ибтидои давраи оҳан (хазораи 1 то милод) қабилаҳои муғул ба чорводории бодиянишин мегузаранд; дар байни онҳо сохти падаршоҳии авлодӣ ба вуҷуд меояд. Аз асрҳои 4—3 то милод моликияти хусусӣ (чорво моликияти хусусии оилаҳои алоҳида гардид) пайдо мешавад, қабилаҳо ба иттифоқҳо муттаҳид мегарданд. Аввалин иттифоқи қабилавӣ иттифоқи қабилаҳои хунну (асри 3 то милод— асри 1 милод) аҷдоди муғулон буд; баъди он иттифоқи қабилаҳои санба (асри 1 милод) ба вуҷуд омад. Тартиботи феодалӣ минбаъд дар асрҳои 4— 10 дар Ҳоқонии Жужон, Турк, Уйгур ва Қирғиз устувор мегардад. Марҳилаи охирини гузариш ба феодализм бо давлатя Кидониён (империяи Ляо; асрҳои 10—12) алоқаманд аст. Дар асл давлати мутамаркази феодалии муғулҳо аввали асри 13 дар натиҷаи муттаҳид гардидани қабилаҳои сершумор, хониҳои муғул бо сардории Темучин ба вуҷуд омад. Соли 1206 дар қурултои бузурги нойон хои муғул (феодалон) Темучин хони бузург — Чингизхон эълон карда шуд. Роҳҳои асосии сиёсати дохилии Чингизхон аз инҳо иборат буд: марказонидани идоракунии давлат ба манфиати феодалон ва пойдор гардонидани яккаҳокимии хон, ба моликияти давлатӣ, яъне ба моликияти хони бузург табдил додани замин ва чарогоҳҳо, ташкили армияи ягона ва лашкари бисёрҳазораи гвардияи аъёну ашроф, ки бевосита ба хон итоат мекард ва ғайра. Баробари пойдор шудани феодализм просесса ташаккули халқи ягонаи муғул анҷом меёфт. Дар охири даҳсолаи аввали асри 13 ҷангҳои забткоронаи Чингизхон cap шуд, ки ворисонаш ин ҷангҳоро давом медоданд. То нимаи асри 13 Чингизхон Хитои Шимолӣ ва давлати Тангут, Осиёи Миёна, Закавказия ва Эронро забт кард, дар Русь дам зулму асорати чнигиэнёи cap шуд. С-ҳои 70 а. 13 Хубилай (вориси Чингизхон) Хитойро пурра ба даст дароварда, ба сулолаи Юан асос гузошт. Ҷангҳои горатга ролей Чнншзхоя ва ворисови ӯ ба сари халқдоя мамлакатхои мутгь бадбахти ва мусибатҳои калон оварда, ба пешрафти худи Муғулистон таъсири манфӣ расонда, қувваҳои истеҳсол-кунавдаи онро хароб карданд. Империяи феодалии Муғулистон, ки базаи ягонаи иқтисодӣ надошт, дар натиҷаи нифоқҳои дохилӣ торафт суст мешуд.

Соли 1368 феодалони муғул аз Хитой бадар ронда шуданд. Соли 1380 баъди дар муҳорибаи Куликово шикаст хӯрдани қӯшунҳои чингизиён Рус ҳам аз зулми онҳо халос хӯрд. Дар нимаи дуюми асри 14 Эрон, Закавказия ва Осиёи Миёна аз асорати чингизиён озод шуданд. Дар чоряки охири асри 14 империяи феодалони муғул барҳам хӯрд. Дар худи Муғулистон давраи парокандагии феодалӣ cap шуд. Дар асри 15 барои барҳам додани парокандагии феодалӣ ва барқарор кардани давлати муттаҳидаи муғул ду маротиба кӯшиш карда шуд. Аммо давлатхои ташкилгардида ба зуди барҳам хӯрданд, чунки заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии барои ягонагии мамлакат зарурӣ набуданд. Дар асрҳои 16—17 ба сифати дин буддоия қабул шуд, чанде пас аз он ламаизм дини давлатӣ гардид. Калисо дар як муддати кӯтоҳ ба феодали калон мубаддал гашт. Манҷурҳо, ки соли 1616 дар территорияи ҳози-раи Хитои Шимолию Шарқӣ бо сардории Нурхахси давлат барпо карда буданд, аз парокандагии Муғулистн истифода намуда, онро забт карда соли 1634 калонтарин хонии Муғулистони Ҷанубӣ Ҷаҳонро торумор карданд. Ягона давлати мустақил хонии Ойрот буд, ки он ба бетарафӣ ва хайрхоҳии Россия такя намуда, дар муборизаи шадид истиқлолияти  худро ҳимоя мекард.

Солҳои 1755—58 дар Халх ва Ҷунгар ҳаракати васеи озодихоҳонаи зидди манҷурӣ cap шуд, ки ба он князи ойрот Амурсана ва нойони Халх Чингунжаб сарварӣ намуданд. Аммо аз сабаби номуташаккилии ҳаракат ва дудилагии нойон ин ҳаракат пахш карда шуд. Соли 1758 манҷурхо давлати ойротро несту нобуд карда, зиёда аз 500 ҳазор нафар ахолии онро ба қатл расонданд. Тамоми Муғулистон ба тасарруфи давлати Сини Хитой гузашт. Сулолаи Син ба мақсади абадӣ гардонидани ҳукмронии худ барои аз ҷахони беруна ва дар навбатя аввал аз Россия ҷудо монондани Муғулистон тадбирҳо андешид. Охири  асри 19 — ибтидои асри 20 Муғулистон ба майдони муборизаи давлатҳои империалистӣ, хусусан Япония ва Россияи подшоҳӣ табдил ёфт. Британияи Кабир, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Германия ба Муғулистон марок зоҳир намуданд. Дар ин вазъият сулолаи Син мустамликагардонии Муғулистонро пурзӯр кард, ки ба он на танҳо аратдо (чорводорони бодиянишин), балки нойонҳо муқобилат карданд. Сарнагун кардани Ҳокимияти Манҷурия ва ба даст овардани истиқлолият вазифаи умумимиллӣ гардид. Револютсияи солҳои 1905—07 дар Россия ва авҷи ҳаракати революсионӣ дар Хитой ба пурзӯршавии вазъияти револютсионии Муғулистон мусоидат кард. Ноябори 1911 замоне, ки дар Хитой револютсияи буржуазии 1911—13 аланга зад, дар Урга (ҳозира шаҳри Улан-Батор) capнагун шудани сулолаи Син ва ташкил шудани давлати мустақили муғул эълон карда шуд. Ҳукумати навро давлатҳои дигар ҳамчун Муғулистони соҳибистиқлол эътироф намекарданд. Мувофиқи шартномаи байни Россия, Хитой, Муғулистон (соли 1915), ки он дар Кяхта ба имзо расид, Муғулистон ба гирифтани ҳуқуқи территорияи  автономӣ дар ҳайатн Хитой маҷбур шуд.

Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистӣ Октябр дар Россия авҷи нави ҳаракати миллӣ-озодихоҳонаро ба амал овард. Ҳукумати Советӣ дар муроҷиатномаи худ ба халқи муғул (августи 1919) изҳор кард, ки аз ҳамаи шартномаҳои нобаробарҳуқуқи Россияи подшоҳӣ, ки бо Муғулистон баста шудааст, даст мекашад; ба истиқлолияти давлатӣ ҳуқуқ доштани Муғулистонро эътироф намуда, таклиф гузошт, ки байни ҳар ду мамлакат муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шавад. Аммо доираҳои реаксионӣ нисбат ба ғалабаи револютсияи сотсиалистӣ дар Россия кинаю адоват доштанд. Ҳукумати муғул барои ба мамлакат даромадани қӯшунҳои милитаристски Хитой иҷозат дод (1918), ба барҳам додани мухторият (1919) розӣ шуд. Охири 1920 ба Муғулистон қӯшунҳои гвардиячиёни сафеди генерал Унгерн— дастнишонди Япония дохил шуданд. Ба Муғулистон хатари мустамлика шудан таҳдид мекард. Мамлакатро аз ин хатар танҳо револютсияи муваффақиятноки зиддиимпериалистӣ ва зиддифеодалӣ, ки онро намояндагони пешқадами ойрот ва унсурони прогрессивии дигар табақаҳои аҳолӣ бо сардории Д. Сухэ-Батор ва X. Чойбалсан тайёр мекарданд, наҷот дода метавонист. Ду кружоки револютсионие, ки онҳо соли 1919 ташкил карданд, 1920 бо номи Партияи Халқии Муғулистон ба як ташкилоти револютсионӣ муттаҳид гардид. Марти 1921 дар Кяхта Съезди I-уми партия барпо гардид, ки он ташкил шудани Партияи Халқӣ-Револютсионии Муғулистонро ба расмият даровард (ПХРМ то 1925 Партияи Халқии Муғулистон ном дошт). Бо қарори съезд Ҳукумати муваққатии халқӣ барпо шуд, штаби Армияи халқӣ-револютсионии Муғулистон тасдиқ гардид, ки сарфармондеҳи он Д. Сухэ-Батор таъин шуд. 18 март қӯшунҳои револютсинии шаҳри Маймачен (ҳозира Олтин Булоқ)-ро аз истилогарон озод карданд. Бо хоҳиши Ҳукумати муваққатии халқи июни 1921 ба Муғулистон қисмҳои Армияи Сурх дохил шуданд. 6 июл Армияи халқӣ-револютсионии Муғулистонро Ургаро аз истилогарон озод кард. 10 июли 1921 Комитети Марказии партия дар бораи ба ҳукумати халқӣ додани ҳокимияти марказӣ қарор баровард. Револютсияи ғалаба кард. Ҳокимият дар мамлакат ба шакли хуралҳои халқӣ, ки онҳо асоси сиёсии давлати муғул гардиданд, пойдор шуд. Солҳои 1921—24 дар Муғулистон махдуд бошад ҳам, ба ҳар ҳол, пешвои дин — богдо-гэгэн ба андозае таъсир дошт, лекин тамоми корҳои давлатиро ҳукумати халқӣ иҷро мекард. Ҳокимияти халқӣ як қатор навсозиҳои калон ба амал баровард: милликунонин замин, барҳам додани крепостнойчигӣ, бекоркунии қарзи тоҷирони хориҷӣ ва ғайра. Муносибатҳои Муғулистон бо Россияи Советӣ мустаҳкам ва васеъ мешуданд. Вохӯрии вакилони Муғулистон ноябри 1921 бо Ленин аҳамияти бағоят калон дошт. 5 ноябри 1921 дар Москва, дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаи Ҳукумати Советӣ ва Муғулистон шартнома ба имзо расид. Съезди 3-юми партия (1924) таъкид кард, ки роҳи минбаъдаи генералии тараққиёти мамлакат роҳи ғайрикапиталистии тараққиёт аст. Ноябри 1924 Създи I-уми Хурали бузурги халқӣ барпо шуд, он Муғулистонро республикаи халқӣ эълон намуда, конститутсияи якуми Республикаи Халқии Муғулистонро тасдиқ кард. Дар давраи солҳои 1920—40 Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон (ПХРМ) ва ҳукумат доир ба бар-ҳам додани боқимондаҳои сохти феодалӣ, аз омма ҷудо кардани роҳбарони контрреволютсионии дин кор бурд. Мусодиракунии моликияти калони феодалӣ (1929—32) муборизаи синфиро тезутунд кард. Солҳои 1937— 38 моликияти дайрӣ-феодалӣ барҳам дода шуд. Шаклҳои нави моликият — кооперативӣ ва давлатӣ ба вуҷуд омаданд. Қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат бо суръат рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Тараққиёти Республикаи Халқии Муғулистон дар вазъияти мураккаби байналхалқӣ ҷараён меёфт; Япония сиёсати таҷовузкорона гузаронда, 18 сентябри 1931 ба истилои хоки Манҷурия шурӯъ кард. Дар ин вазъият Протоколи Иттифоқӣ Советӣ ва Муғулистон (1936) доир ба ёрии банниҳамдигарӣ роли муҳим бозид. Япония май 1939 дар мавзеи дарёи Халхин-Гол бар зидди Республикаи Халқии Муғулистон ҷанг cap кард, вале японҳо аз тарафи Армияи Халқии Муғулистон ва Армияи Сурх торумор карда шуданд. То арафаи соли 1940 вазифаҳои умумидемократии револютсия ҳал карда шуданд; синфи феодалҳо аз байн рафт, аратҳо ба синфи озоди молистеҳсолкунандагони хурд табдил ёфтанд, синфи коргари миллӣ ва интеллигенсиям меҳнатӣ ташаккул меёфт, ҳаёти маданӣ авҷ гирифт, Республикаи Халқии Муғулистон ба марҳилаи пав — марҳилаҳои сохтмони сотсиалистӣ дохил шуд. Таъмини суръати баланди афзоиши қувваҳои истеҳсолкунанда, саросар ба таври ихтиёрӣ кооперативонидани хоҷагии индивидуалии аратҳо, барпо кардани системаи ягонаи хоҷагии халқ ва инкишофи минбаъдаи револютсияи маданӣ вазифаҳои асосии он давра буданд. Аз рӯзи аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи муғул, Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон ПХРМ ва ҳукумати Республикаи Халқии Муғулистон РХМ мавқеи собитқадамонаи интернатсионалистии дастгирӣ кардани кори оқилонаи халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР-ро ишғол карда ба он ёрии калони маънавӣ на моддӣ расонданд. Ба фонди ёрии Армияи Сурх ҳазорҳо тонна хӯрокворӣ, сарулибоси гарм, пул, ҳазорҳо cap чорво дода шуд. Дар давраи Ҷанг халқи муғул ба сифати туҳфа ба Иттифиқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 32 ҳазор cap асп фиристод. Республикаи Халқии Муғулистон РХМ 10 августи 1945 ба Япония ҷанг эълон карда дар торумор намудани таҷовузкорони япон бевосита иштирок кард. Соли 1946 байни Иттифиқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва Республикаи Халқии Муғулистон РХМ доир ба дӯстӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ, инчунин дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва маданӣ шартнома баста шуд. Солҳои минбаъда хоҷагии халқи Республикаи Халқии Муғулистон РХМ дар асоси планҳои панҷсолаҳои 1-ум (1948—52), 2-юм (1953— 57), ва плани сесола (1958—60) тараққӣ кард. То соли 1959 хоҷагиҳои аратҳо саросар кооперативонида шуданд, дар натиҷа дар мамлакат системаи ягонаи сотсиалистии хоҷагӣ ба вуҷуд омад. Ин маънои онро дошт, ки Республикаи Халқии Муғулистон РХМ ба сохти чамъияти сотсиалистӣ гузашт. Съезди 14-уми Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон ПХРМ (1961) муайян кард, ки мамлакат ба давраи анҷомёбии сохтмони сотсиалистйӣ дохил шуд, ки дар ин давра ҳарҷониба инкишоф додани просесси барпо намудани базаи моддӣ-техникии сотсиализм вазифаи асосӣ буд. Дар натиҷаи бомуваффақият иҷро гардидани планҳои панҷсолаи 3-юм (1961—65), 4-ум (1966—70) иқтисодиёт ва маданияти мамлакат боз ҳам тараққӣ кард.

Съезди 16-уми Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон ПХРМ (1971) муборизаи нимасраи меҳнаткашони Республикаи Халқии Муғулистон РХМ-ро дар роҳи барҳам додани қафомонии пешина, барои ғалабаи роҳи сотсиалистии тараққиёти мамлакат ҷамъбаст карда ба он баҳои баланд дод. Съезд аз рӯи плани панҷсолаи 5-уми тараққиёти хоҷагии халқ ва маданият (1971—75) директиваҳоро тасдиқ намуд; плани панҷсолаи 5-ум бомуваффақият иҷро гардид. Съезди 17-уми Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон ПХРМ (1976) натиҷаи вазифаҳои программавии партияро доир ба барпо намудани базаи моддӣ-техникии сотсиализм ҷамъбаст кард. Съезд директиваҳои плани панҷсолаи 6-уми (1976—80) тараққиёти ҳоҷагии халқ ва маданияти мамла-катро тасдиқ кард. Тараққиёти минбаъдаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани самаранокии он, беҳтар кардани сифати кор яке аз вазифаҳои асосии плани панҷсолан 6-ум мебошад. 37—41% зиёд намудани даромади миллӣ, дар саноат 34—38% баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар назар дошта шудааст. Плани панҷсолаи 6-ум дар индустрикунонии мамлакат марҳа-лаи нави муҳим гардид. Съезд дар мустаҳкам гардидани алоқаҳои ин-тернатсионалии Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон ПХРМ бо партияҳои бародарӣ марксистӣ-ленинӣ роли асосӣ бозид. Сиёсати хориҷии Республикаи Халқии Муғулистон РХМ ба фароҳам овардани шароити осо-ишта барон сохтмони сотсиализм, мустаҳкам намудани ягонагӣ ва муттаҳидии системаи ҷаҳонии сотсиалистӣ равона карда шудааст. Республикаи Халқии Муғулистон РХМ аъзои Ташкилотҳои Давлати Муттаҳида (аз 1961), аъзои Совети ёрии иқтисодии байниҳамдигарӣ (аз 1962) мебошад. Тақрибан бо 80 давлат муносибатҳои дипломатӣ ва бо 20 мамлакат алоқаи тиҷоратӣ дорад. Муносибатҳои Иттифоқи Советӣ ва Муғулистон дар асоси Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва Республикаи Халқии Муғулистон РХМ, ки январи 1966 баста шудааст ба амал бароварда мешаванд.

Партия, иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ. Партияи халқӣ-революционии Муғулистон (ПХРМ), соли 1921 дар Съезди 1-ум таъсис ёфтааст. Ягона партияи сиёсӣ дар мамлакат. Иттифоқҳои касабаи Республикаи Халқии Муғулистон РХМ, таъсисаш 1927, Иттифоқи револютсионии  ҷавонони Муғулистон, таъсисаш 1921, Иттифоқи иттиҳодияҳои хоҷагии қ и ш л о қ и Республикаи Халқии Муғулистон РХМ, Ҷамъиятн д ӯ с т и и Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР — Республикаи Халқии Муғулистон РХМ, таъсисаш 1947.

Хоҷагӣ. Муғулистон—давлати аграрӣ-индустриалӣ. Дар ташкили даромади миллӣ (ба ҳисоби фоиз дар охири 1978) саҳми хоҷагии қишлоқ 22,4, саноат 30, сохтмон 5,4, нақлиёт ва алоқа 9,1, маҳсулоттайёркунӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ 36,2 буд. Соли 1978 ба амал баровардани плани  панҷсолаи 6-ум (1976—80) давом кард.

Дар хоҷагии қишлоқ муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ ҳукмронанд. Ду шакли моликияти сотсиалистӣ — кооперативӣ (иттиҳодияҳои хоҷагии қишлоқ ) ва давлатӣ (хоҷагиҳои давлатӣ) вуҷуд дорад.

Дар давран ҳокимияти халқӣ саршумори чорво 2,5 маротиба афзуд. Соли 1980 24,2 миллион cap чорво парвариш карда шуд.

Фермаҳои хукпарварӣ, паррандапарварӣ ва ҳайвоноти мӯинадор низ ҳастанд. Дар баробари соҳаи анъанавии чорводорӣ зироат яке аз соҳаҳои нав ва муҳими хоҷагии қишлоқ  гардидааст. Гандум, ҷавдор кишт мешавад. Дар Республикаи Халқии Муғулистон РХМ индустрнкунонии сотсиалистӣ бому-ваффақият ба амал бароварда мешавад. Ҳаҷми маҳсулоти умумии саноат солҳои 1971—75 55,2% афзуд. Тақрибан тамоми маҳсулоти саноатӣ дар сектори давлатӣ истеҳсол мешавад. Корхонаҳои калон: комбинатҳои саноатии Улан-Батор (заводҳои чарм, шевро, фабрикаҳои камволу моҳут, пойафзол, пашмшӯӣ, наддофй ва ғайра). Корхонаҳои саноатӣ хӯрокворӣ: комбинатҳои гӯшт, заводи шир ва спирту арақ, орд. Дар Улан-Батор фабрикаи қолинбофӣ ва заводи фаянсу чиниворӣ ҳаст. Саноати истеҳсоли маъдан тараққӣ мекунад. Соли 1975 2,7 миллион тонна ангишт истеҳсол шуд. Маъдани металлҳои ранга, тилло, масолеҳи бинокорӣ низ истеҳсол мешавад. Дар панҷсолаи 6-ум ком-бинати тозакунии маъдани мису молибдени Эрдэнэт, ки яке аз калонтарин корхонаҳои Осиё мебошад, ба кор даромад. Соли 1975 817,8 миллион килоВатт  энергияи электр истеҳсол карда шуд. Дар саноати коркарди металл заводи механикӣ, заводи таъмири автомобил ва ғайра гирд омадаанд. Саноати чӯбу тахта ва масолеҳи бинокорӣ ривоҷ меёбад. Дар Улан-Батор заводи хонасозӣ, заводи бетон, дар Дархон заводҳои семент, хишт кор мекунанд. Корхонаҳои саноати химия ва полиграфия ҳастанд. Дар барпо намудани базаи моддӣ-техникии сотсиализм ба Республикаи Халқии Муғулистон РХМ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва дигар мамлакатҳои Советӣ ёрии иқтисодии байниҳамдигарӣ ҳарҷониба кӯмак мерасонанд.

Тӯли роҳи оҳан зиёда аз 1500 километр, роҳи автомобилгард қариб 9 ҳазор километр. Кӯли Хубсугул, дарёҳои Селега ва Орхон киштигарданд. Аэропорти Улан-Батор аҳамияти байналхалқӣ дорад. Республикаи Халқии Муғулистон РХМ асосан бо мамлакатҳои аъзои Совети ёрии иқтисодии байниҳамдигарӣ савдо мекунад.

Республикаи Халқии Муғулистон РХМ ба хориҷа чорво, гӯшг ва маҳ-сулоти гӯштӣ, пашм, чарм, қолин, маснуоти пашмин, мӯина, маҳсулоти саноати маъдан ва ғайра бароварда, аз хориҷа мошин ва таҷҳизот, маҳсулоти нефт, металл, молҳои химиявӣ, масолеҳи бинокорӣ ва детал, хӯрокворӣ ва молҳои саноатии сермасриф мегирад. Воҳиди пул — тугрик.

Илм ва муассисаҳои илмӣ. Дар давраи феодализм дар Муғулистон аз илмҳои табиӣ асосан нуҷум ва тиб андаке равнақ дошт ва илмҳои тибиӣ фақат дар солҳои Ҳокимияти Халқӣ пеш рафтанд. Ҳанӯз соли 1929 байни Комитети илмии Республикаи Халқии Муғулистон РХМ ва Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар бобати ҳамкории илмӣ созиш-нома баста шуд. Солҳои 30—40 илмҳои табиӣ вобаста ба тақозои рӯзмарраи хоҷагии қишлоқ инкишоф меёфт ва асосан бо андӯхти маълумоту мадракот машғул буд. Алалхусус, ветеринария ва агрономия хеле такмил ёфт. Олимони Республикаи Халқии Муғулистон РХМ Т. Аюраан, У. Тойвго зотҳои нави чорво ба вуҷуд оварданд. Институти химияи Академияи Фанҳои Республикаи Халқии Муғулистон РХМ оид ба таҳдиди хоки заминҳои Муғулистон кори зиёдеро анҷом дод. Геологҳои Муғулистон бисёр конҳои нав кашф карданд, харитаи геология мамлакатро тартиб доданд. Институти физикаи Академияи Фанҳои Республикаи Халқии Муғулистон РХМ оид ба заминҷунбӣ, магнетизм ва ғайра таҳқиқоти зиёде кард.

Аз илмҳои ҷамъиятӣ дар Муғулистон фалсафа таърихи қадим дорад. Аввалин рисолаи фалсафӣ — «Шарҳи мадрака»-ро файласуф Лодой Чжалсан асри 13 таълиф карда буд. Файласуфҳо Робжамба Содном Ванжал, Агван Дандар Лхарамба, Агван Балдан дар асрҳои 16—17 ва дар aсри 18 файласуф Чжанжа Ху-тут-ту ва дигар оид ба соҳаҳои гуногуни фалсафа асарҳои зиёд таълиф карданд. Аввалин китоби таърихӣ ҳам соли 1240 навишта шуда буд ва он «Гуфтори самимона» ном дошт. Илми таърих баъди ғалабаи револютсияи халқӣ хеле ривоҷ ёфт. Солҳои 20—30-юм муаррихон X Мансаржоб, Л. Эндэб, А. Амор, Г. Наваннамжил ва дигар оид ба соҳаҳои гуногуни таърихи Муғулистон бисёр асарҳо навиштанд. Солҳои 40—50 асари якҷилдаи «Таърихи Муғулис-тон*, солҳои 1966—1970 асари сеҷилдаи «Таърихи Муғулистон» аз чоп баромад. Марказҳои асосии тадқиқи илми таърих Институти таърихи Академия Фанҳои Республикаи Халқии Муғулистон РХМ (таъсисаш 1961), Институти таърихи партия дар назди Комитети Марказии Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон ПХРМ ва кафедраи таърихи Университети давлатии Муғулистон мебошанд. Олимони иқтисодчӣ X. Чойбалсан, Д. Лосола, Д. Дэмид, Б. Ширивдэб ва дигар бисёр масъалаҳои умдаи иқтисодиёти мамлакатро тадқиқ карданд. Ҳуқуқшиносон С. Жалан-аатав, Э. Авилмэд, Ж. Ав-хиа, Р. Гунсэн, Г. Совд„ Б. Дава-асамбуу ва дигар дар бораи масъалаҳои гуногуни ҳудуд асарҳо таълиф намуданд.

Тамоми тадқиқоти илмии мамлакатро Академияи Фанҳои Республикаи Халқии Муғулистон РХМ идора мекунад, ки он дар заминаи Комитети илмии Муғулистон (таъсисаш 1921) соли 1961 ташкил шудааст, ғайр аз Академияи Фанҳои Республикаи Халқии Муғулистон РХМ бо кори илмӣ зиёда аз 30 муассисаҳои гуногуни вазоратҳо ва дигар ташкилотҳо машғул мебошанд.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1972 6а 1 ҳазор сокин таваллуд 39,3, фавт 10,8, фавти кӯдакон ба 1 ҳазор кӯдаки навзод 73,4 нафар (1970) буд. Дарозии умр ба ҳисоби миёна 64,5 сол. Дар солҳои ҳокимияти халқӣ бемориҳои сироятӣ хеле кам шуданд. Чечак, гулузиндонак ва доманаи ҳасбадор барҳам дода шуданд. Дар Муғулистон ба аҳолӣ ёрии тиббии бепул расонда мешавад.

Соли 1973 зиёда аз 350 муассисаи тиббии дорои беш аз 12 ҳазор кат (9,6 кат ба 1000 нафар) буд. Соли 1972 дар Муғулистон 2,5 ҳазор духтур, 93 духтури дандон, 700 дорусоз ва қариб 8 ҳазор корманди миёнаи тиб кор мекард. Кадрҳои тиббиро Институтн давлатии тиббии Муғулистон ва 3 омӯзишгоҳи тиббӣ тайёр мекунанд. Дар Муғулистон чашмаҳои минералӣ бисёранд.

Маорифи халқ. Звеноп якуми системаи маорифи халқ аз боғчаҳои ба-чагона барои кӯдакони 3—7-сола cap мешавад. Ба мактаби ибтидоӣ бачаҳо аз синни 8-солагӣ қабуд мешаванд. Мактаби 8-сола (маълумоти миёнаи нопурра) ҳатмист. Ибтидои солҳои 70 системаи мактаби маълумоти умумии 10-сола ҷорӣ гардид: мактаби ибтидоии 3-сола, миёнаи нопурраи 8-сола, пурраи 10-сола. Соли таҳсили 1974/75 дар 561 мактаби маълумоти умумӣ 302,9 ҳазор талаба мехонд. Талабагон баъди хатми мактаби миёнаи нопурра таҳсилро дар мактабҳои миёнаи махсус: техникум, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ва педагогӣ давом медиҳанд. Соли таҳсили 1973/74 дар 26 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 11.6 ҳазор, дар 19 техникум 11,3 ҳазор талаба мехонд. Соли 1971 дар омӯзишгоҳҳои педагогӣ 1,9 ҳазор хонанда буд.

Университет ва институтҳои мамлакат кадрҳои дорои маълумоти олӣ тайёр мекунанд. Университети давлатии Муғулистон соли 1942 бо ёрии Итифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР таъсис ёфтааст. Соли таҳсили 1974/75 дар факултетҳои физикаю математика, химияю биология, илмҳои ҷамъиятшиносӣ, иқтисодӣ ва филологӣ зиёда аз 3 ҳазор студент мехонд. Соли 1969 бо ёрии ЮНЕСКО дар назди университет институти политехникӣ кушода шуд. Факултетҳои ҷудогонаи университет ба институтҳои мустақил: педагогӣ (1951), тиббӣ (1961) чудо шуданд. Соли таҳсили 1974/75 дар мактабҳои олӣ 12,8 ҳазор студент мехонд.

Дар Республикаи Халқии Муғулистон РХМ зиёда аз 350 китобхона ҳаст. Калонтарин китобхонаи мамлакат — Китобхонаи давлатии оммавӣ (таъсисаш 1921), Китобхонаи Университети давлатӣ дар Улан-Батор воқеанд. Музейҳо:         Музеи марказӣ, Музеи Владимир Илич Ленин, Музеи марказии револютсия, Музеи таърихи дин, Музеи санъати тасвирӣ ва ғайра.

Матбуот, радио, телевианон. Соли 1976 дар Республикаи Халқии Муғулистон РХМ 12 номгӯй газетаи марказӣ, 18 газетаи маҳаллӣ, чандин журнал нашр мешуд. Газетаҳои марказӣ: «Унэн» («Ҳақиқат»), органи Комитети Марказии Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон КМ ПХРМ ва Совети Вазирони Республикаи Халқии Муғулистон РХМ (аз соли 1920), «Худулмур» («Меҳнат»), органи Соноти марказии иттифоққои касабаи Республикаи Халқии Муғулистон РХМ (аз 1930), «Залучудин унэн» («Ҳақиқати ҷавонӣ»), органи Комитети Марказии Иттифоқи револютсионии ҷавонони  Муғулистон (аз 1924), «Новости Монголии» (ба забонҳои русӣ ва хитоӣ, аз 1947), журналҳо: «Номын амьдрал» («Ҳаёти партиявӣ»), органи Комитети Марказии Партияи халқӣ-револютсионии Муғулистон КМ ПХРМ (аз 1923), «Монгол улс» («Муғулистон») (ба забонҳои муғулӣ, русӣ ва англисӣ аз 1956) «Монголы! эмэгтэй-чуд» («Занони Муғулистон») (аз 1925). Агентии телеграфи Муғулистон — МОНЦАМЭ аз соли 1957 кор мекунад. Дар Улан-Батор ва дар Улэгэ марказҳои радиошунавонӣ воқеанд. Аз соли 1967 дар Улан-Батор маркази телевизион кор мекунад. Аз 1969 дар Улан-Батор ба воситаи стансияи кайҳонии «Орбита» барномаҳои телевизионии марказии Москва қабул карда мешаванд.

Адабиёт. Адабиёти даҳонакии Муғулистон аз суруду достон, ҳикоя, мадҳия, насиҳат, афсона, чистон ва ғайра бой аст. Таърихи адабиёти хаттии Муғулистон аз асрҳои 12—13 оғоз меёбад. Асарҳои «Қиссаи Аргасунхуурч», «Сӯҳбати ятим бо нӯҳ паҳлавони Чингизхон» ва ғайра васеъ паҳн шудаанд. Дар асри 17 солномаҳо ба вуҷуд омаданд. Дар асари сеҷилдаи «Китоби кабуд» (асри 19, муаллифаш Инжинаш) ва дигар асарҳо ғояҳои зиддифеодалӣ ба назар мерасанд. «Калила ва Димна», асари шоири Тибет Миларайба «Сад ҳазор су-руд» ва чанд эпоси ҳиндӣ ба забони муғулӣ тарҷума шуданд.

Соли 1921 баъди револютсияи халқӣ адабиёти ҷавони Муғулистон ба адабиёти даҳанакии халқ ва ба анъанаҳои беҳтарини мероси адабӣ такя намуда, алоқаро бо адабиёти пешқадами ҷаҳон, пеш аз ҳама бо адабиёти классикии рус ва адабиёти советӣ мустаҳкам кард ва инкишоф ёфт. Соли 1929 кружоки адибони револютсионер барпо шуд, ки он 1930 ба Ассосиасияи нависандагони револютсионери Муғулистон табдил ёфт. Песаю шеърҳои нависандагон Д. Насагдорж, Ц. Дамдипсурэн барои адабиёти муғул роли калон бозиданд. Солҳои 40—50 адибон С. Дашдэндэв, Д. Цэвэгмид, Ч. Лхамсурэи ва дигар доир ба мавзӯъҳои таърихӣ, дӯстии Иттифоқи Советию Муғулистон ва ҳамкории халқҳо асарҳо офаридаед. Солҳлои 50— 60 романҳои калон эҷод карда шуданд. Д. Сэнгээ дар бораи қаҳрамони Республикаи Халқии Муғулистон РХМ повести «Аюуш» (1947), Б. Ринчеи романи «Субҳи биёбон» (1955), Ч. Лодойдамба романи «Дар Олтой»-ро (1949; ба забони тоҷыкӣ бо номи «Ҷустуҷӯ* нашр шудааст) офари-данд. Дар асардо даёти халқи мурул авшан инъикос ёфтааст. Адибон Б. ааст, М. Гаа дамба, С. Уд вал ба масъаладои ахлоқ ва қисмати занон дикоядо бахшидаанд. Дар адабиёти давраи дозира шеърдои шоирон Ц. Гайтов, Б. Явуухулан, Ч. Чимид, Д. Пуревдорж ва диг. мавқеи намоёнро ншрол мекунанд. Дар с-дои 70 ба тарҷуман асардон бедтарин адамия-ти калон дода шуд. Иттифоқи нависандагони РХМ журналу газета ва р. нашр мекунад.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар территорияи Муғулистон расмҳои рӯи харсангҳо, ҳайкалҳои одам ва ҳайвонот, кордҳои мисӣ ва биринҷии давраи биринҷӣ ёфт шудаанд. Дар асрҳои 6—8 ҳунармандӣ тараққӣ карда, матоъ, либос ва афзори асп бо нақшу нигор оро дода мешуданд. Аз харобаи шаҳрҳо

зарфҳои сафолии сернақшунигоре, ки ба асрҳои 8—9 мансубанд, ёфт шуданд. Шаҳрҳо асосан чоркунҷа сохта шуда, атрофашон бо хандақҳо иҳота шудаанд. Охири асри 19 санъати рассомӣ (расмҳи маишӣ, ҳаҷвӣ, портрет) инкишоф ёфт.

Баъди барпо гардидани Республикаи Халқии Муғулистон РХМ (1924) шаҳрҳои кӯҳна (Улан-Батор) бо ёрии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР аз нав сохта, шаҳрҳои нав (Дархон, Налайха, Сайн-Шанд) бунёд карда шуданд. Солҳои 40—50 биноҳои боҳашамати бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта шуданд (Университети Улан-Батор). Аз миёнаи солҳои 50 иқлими мамлакатро ба ҳисоб гирифта, ба сохтмони хонаҳои барҳаво аҳамияти махсус дода мешавад. Солҳои 60 ҳангоми биносозӣ усулҳои индустрияи  васеъ ба кор бурда шуданд. Давраҳои охир деворҳои биноҳо кошикорӣ мешаванд.

Театр. Санъати театрии Муғулистон дар давраҳои қадим пайдо шудааст. Дар асри 17 театри дарборӣ ба вуҷуд омад. Ҳокимияти халқӣ барои васеъ паҳн шудани кружокҳои ҳаваскорони санъат имконият фароҳам овард. Соли 1931 дар Улан-Батор театри давлатӣ (аз соли 1942 Театри давлатии драмаи мусиқӣ) ташкил карда шуд. Соли 1963 аз он Театри давлатии опера ва балет ҷудо шуд.

Кино. Соли 1935 дар Улан-Батор студияи «Монголкино» ташкил карда шуд. Санъати кинои Муғулистон бо ёрии арбобони кинои советӣ равнақ ёфт. Филҳои «Ду чорводор» (1955, режиссёр Ц. Зандра), «Ба мо чӣ халал мерасонад» (1956, режиссёр Р. Доржпалам), «Амри қалб» (1966, режиссёр Ч. Чимид), «Обхезӣ» (1966, режиссёр Д. Чигижид) дар бораи ҳаёти нави халқи муғул ҳикоя менамоянд. Соли 1978 «Монголкино» 25 филми пурраметраж аз он ҷумла 5 филми бадеӣ истеҳсол кард.

Харита дар саҳифаи 480—481.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …