Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУҒУЛҲО

МУҒУЛҲО

mongoliМУҒУЛҲО (худ монгол гӯянд), халқ, аҳолии асосии Республикаи Халқии Муғулистон РХМ.  Шумораашон дар Республикаи Халқии Муғулистон РХМ бештар аз 1395 ҳазор нафар (1978), дар Республикаи Халқии Хитой РХХ 2400 ҳазор (1078), дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 3,2 ҳазор (1979).  Аз ҷиҳати антропологӣ асосан намояндагони нажоди муғулии Осиёи Марказианд. Аввалин маротиба этноними Муғулҳо асрҳои 7—10 вомехӯрад. Муғулҳо дар Муғулистон ва Шимоли шарқи Хитой аз аҳолии қадими маҳалли ташаккул ёфтаанд. Аввали асри 13 чанд қабила ва хониҳо дар таҳти ҳокимияти Чингизхон муттаҳид гардида, ба давлати ягонаи муғул асос гузоштанд, ки зимни он ташаккули халқияти муғул анҷом ёфт. Асри 15 Муғулҳо ба гурӯҳҳои ғарбӣ ва шарқӣ, асри 16 бошад, гурӯҳи шарқӣ ба шимол ва ҷануб тақсим шуданд. Муғулҳои ғарбӣ (ойротдо) солҳои 30 асри 17 хонии худро ташкил намуданд. Авлодони онҳо қисман ба ҳайати Муғулҳои Республикаи Халқии Муғулистон РХМ, Муғулҳои Хитой ва қалмоқҳо дохил гардиданд. Гурӯҳи шарқӣ (шимолӣ) асри 16 «халха» ном гирифт. Муғулҳо асри 16— аввали асри 17 дини ламаизмро қабул карданд. Машғулияти асосии гурӯҳҳои Муғулҳо чорводорӣ буда, деҳқонӣ ва шикор роли дуюмдараҷа мебозиданд.

Муғулҳо миллати муташаккили сотсиалистӣ мебошанд, ки қисми таркибии онро халха ташкил медиҳанд. Бо халха гурӯҳҳои этникии дигар муғул омехтаанд. Забони халха ба гурӯҳи забонҳои шарқии муғулӣ мансуб аст, ки дар асоси он забони ҳозираи адабии Муғулҳо ташаккул ёфтааст. Баъди ғалабаи Револютсияи Халқии Муғулистон (1921) халқи муғул роҳи тараққиёти ғайрикапиталистиро пеш гирифт; асосҳои саноат барпо гардида, барои ривоҷи маданият шароити мусоид фароҳам омад. Синфи коргар ва зиёиёни миллӣ ташаккул ёфтанд. Оид ба таърих, хоҷагӣ ва маданияти Муғулҳо нигаред Муғу-листон, Республикаи Халқӣ.

Адабиёт: Народы Восточной Азии, Москва—Ленинград, 1965; История Монгольской Народной Республики, 2 издание, Москва 1967; Брук С. И.. Население мира, Москва, 1981.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …