Маълумоти охирин

МУҒУЛ

mugulМУҒУЛ, М е в а г у л, Мевағал, кӯҳест дар шимоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар соҳили рости дарёи Сир. Мевагул (Мевағал) будани номи ин кӯҳро ҳанӯз дар асри 14 Камоли Хуҷандӣ таъкид карда, дар яке аз ғазалҳояш гуфтаст:

Дар илми мухаққиқон ҷадал нест,

Аз илм мурод ҷуз амал нест…

Ин дур ва дар он қадар дарёст,

 В-ин лаъл ба кӯҳи Мевагул нест…

Маълум мешавад, ки як вақтҳо дар Муғул дарахтони мевадор мерӯидаанд. Тӯли Муғул 35 километр, бараш 12—15 километр. Баландии кӯҳ ба ҳисоби миёна 1200—1300 метр, нуқтаи баландтаринаш қӯҳи Музбек (1624 метр). ДарШимол Муғулро пастхамии Мирзоработ аз кӯҳи Қаромазори қаторкӯҳи Қурама чудо кардааст.

 Кӯҳ ба самти Ҷануб Fарб тадриҷан паст  шуда меравад. Муғул асосан аз грано-диорит ва ҷинсҳои таҳшинии синни  палеозой таркиб ёфтааст. Иқлими Муғул континентӣ, хушк; тобистонаш гарм, зимистонаш хунук. Боришоти солона 200—250 миллиметр. Набототаш биёбонӣ. Сарватҳои зеризаминиаш волфрам, молибден. Дар доманаи кӯҳ дедаҳои Айрии Калон, Чоруқдаррон ва ғайра во-қеъ гаштаанд.    Х. Очилов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …