Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МУҒТЕППА

МУҒТЕППА

mugteppaМУҒТЕППА, димнаи куҳандизи асри 5 то милод— асри 19 милод, ки дар теппаи Муғ дар канори шимоли шарқии Ӯротеппа воқеъ аст. О. И. Смирнова ва Н. Н. Неъматов солҳои 1950—*74 дар Муғтеппа ҳафриёт гузарониданд. Масоҳати Муғтеппа 6 гектар буда, бо деворҳо иҳота гардидааст, ки дарозиаш тақрибан 600 метр мебошад. Баландин деворҳо дар Шарқ 15 метр ва дар Ғарб то 64 метр аст. Баъзе боқимондаи иқоматгоҳҳо танҳо дар кунҷи ғарбии Муғтеппа ба назар мерасанд. Ягона даромадгоҳ дар девори ҷанубӣ воқеъ буд. Дар қабати археологии аз ҳама қадимтарини Муғтеппа зарфҳои сафолии си-линдршакл ва ҷом, муҳри начандон калони биринҷии дастадор, акси шери қанотдор ёфт шуд. Дар қисми шимоли ғарбии Муғтеппа (объекти VII) боқи-мондаи деворҳои қалъа, бурҷи дорои тиркашҳое, ки бо тартиби шоҳмот ҷой гирифтаанд ва иншооти наздидевории шаҳр, зарфҳои сафолӣ (асри 2 то милод— асри 3 милод) кашф гардид. Аз ин ҷо инчунин деворҳои қалъа якчанд хонаҳои мансуб ба асрҳои 5—8 ва бозёфтҳои нодир—бутчаи гилини шабеҳи сари одам, зангӯлачаи биринҷӣ, пайкони сепара ва косача — чилими дастии сепоя ёфт шуданд. Боқимондаи комплекси қасри беки асрҳои 18— 19, дар маркази димна масҷиди калони мусулмонии асрҳои 18—19 кушода шудаанд. Муғтеппа вазифаи кӯшки мустаҳкамро адо карда, дар асрҳои миёна ва давраи нав ба ҳайати шаҳри Ӯротеппа гузашт.

Н. Неъматов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …