Маълумоти охирин

МУҒСУ

mugsuМУҒСУ, дарёест дар pайони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз як шудани дарёҳои Селдара ва Савуқсой ба вуҷуд омада, аз водии тангу чуқури байни қаторкӯҳҳои Паси Олой ва Пётри I ҷорӣ мешавад. Дар наздикии деҳаи Домбрачӣ бо дарёи Қизилсу як шуда Сурхоб ном мегирад. Тӯлаш 88 километр, масоҳати ҳавзааш 7070 километр2. Манбааш пиряху барф. Давраи пуробиаш аз нимаи апрели то октябри сарфи миёнаи солонаи об қариб 90 метр3/сония; максималӣ то 250 метр3/сония, минималӣ то 15 метр3/сония. Гулмоҳию ширмоҳӣ дорад. Дар соҳили рости Муғсӯ посёлка ва стансияи обуҳавосанҷии Лахш вокеъ гаштааст.

Н. Худоиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …