Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҒЕЛОН

МУҒЕЛОН

tribulus-terrestrisМУҒЕЛОН, хори мағелон, хасак, хорхасак, ощанхорак (Tribulus terrestris), гиёҳи яксолаест аз оилаи ласфищо. Пояаш чун палак пащн туда, то 1 метр дароз мешавад. Баргаш пармомонанд (дарозиаш 2,5—5*5 сантиметр, бараш 1,5—2 сантиметр), гулаш зард, мевааш ситорашакл буда, 2—4-то хори сахту тез дорад. Аз май то охири тобистон гул карда, аз июн мева мекунад. Чун алафи бегона дар боғу киштзор, замини партов, канори рощ, нишебиҳои санглоху регӣ ва ғайра мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Қисми европоӣ, Забайкалия, Кавказ, Осиёи Миёна, аз ҷумла Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) васеъ паҳн гаштааст. Дар тибби халқӣ барои табобати бавосир, иллати гурда, қабзияти меъда, хала ва ғайра истифода мешавад. Дар тибби муосир қиёми алафи Мушхор (Extractum Tribullus terrestris) ва доруи «требестрис»-ро ҳангоми сустии кори ғадуди ширеҷудокунандаи меъда ба кор мебаранд Алафи Мушхор пайвастҳои флаваноидӣ, сапонинҳо (диосгенин), моддаҳои даббоғӣ, равған, витамин ва ғайра дорад.

Мушхор барои ҳайвон заҳрнок аст ва боиси касалии «трубулоз»-и бузу гӯсфанд мешавад. Баъзан 50—90%-и ҳайвони касал мемирад.

Адабиёт: Г у с ы  н и н И. А., Токсикология ядовитых растений, Москва. 1902; Г а м м е р.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …