Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУФТИИ БУХОРОӢ

МУФТИИ БУХОРОӢ

personМУФТИИ БУХОРОӢ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил (810, Бухоро — 870, наздикии Самарқанд), фақеҳ ва илоҳиётшиноси тоҷик, аввалин ҷомеъ ва танзимкунандаи ҳадисҳо, мусаннифи маҷмӯаи «Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ* («Ас-саҳеҳ»). Дар ҷавониаш ба Макка сафар карда, ба ҷамъоварии ҳадисҳо машғул шуд, баъд бо мақсади ҷамъ овардани ҳадисҳо ба мамлакатҳои араб, Эрон ва Осиёи Миёна сафар кард. Муфтии Бухороӣ дар қатори ҳадисҳои фиқҳу суннат, ҳадисҳои ба ҳаёту фаъолияти Муҳаммад ва асҳоби ӯ, инчунин ба маълумотҳои таърихию этнографии замони пайғамбар бахшидаро низ гирд овард, Ӯ дар интихоби ҳадисҳо ба андозае интиқодан амал карда, аз 600 ҳазор ҳадиси гирдовардааш танҳо 7250 ё каме бештар аз 1 фоизи онҳоро ҳақ донист. Аз ин рӯ, «Ас-саҳеҳ* ба зудӣ дар олами мусулмонӣ шӯхрати зиёд пайдо кард. Асари Муфтии Бухороӣ на танҳо барои омӯзиши идеологияи динӣ, балки барои омӯзиши муносибатҳои иҷтимоию сиёсии Хилофат дар асрҳои миёна сарчашмаи пурқимат аст. «Ас-саҳеҳ* борҳо дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ нашр шудааст. Ба франсавӣ низ тарҷумаю нашр гардидааст.

Л. Шарифов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …