Маълумоти охирин

МУФТӢ

muftiМУФТӢ (арабӣ — фатводиҳанда, ҳукмбарор), 1) рӯҳонии олимансаб дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ; 2) шахсест, ки пеш аз ҳукми қозӣ дар бораи раво ва ҷоиз будани ин ва ё он ҳукм аз рӯи шариат фатво медиҳад.

Дар аморати Бухоро ба вазифаи Муфтӣ одамоне таъин мешуданд, ки ҳадисрро нағз донанд. Одатан Муфтиро амир таъин мекард. Муфтӣ хуқуқ дошт, ки масъалаҳои динию хуқуқиро эзоҳу талқин кунад ва ба ҳаёт гузаронад. Фикру мулоҳизаи Муфтӣ дар фатвоҳояш ифода ёфта, барои мусулмонон дас-тури амал ҳисобида мешуд. Муфтӣ метавонист ба ҳукми нодурусти қозӣ, ши-кояти гунаҳкор аз ҷазо, мувофиқи ё номувофиқии қонунҳои шариат ба ҷазо ва ғайра дахолат намояд. Ба кори Муфтиҳо аълам сардорӣ мекард. Дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ Муфтиро ҳукумат таъин мекунад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР муфтиёни 4 иттиҳодияи динӣ дар анҷумани намояндагони рӯҳониён ва мутаваллиён интихоб ме-шаванд.

  X. Пирумшоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …