Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУФРАДОТ

МУФРАДОТ

mufradotМУФРАДОТ, дар тибби қадими тоҷик ҳавоҳоеро номанд, ки аз як модда иборатанд. Муфрадот наботӣ, ҳайвониӣ ва ҷамодӣ мешавад. Муфрадоти н а б о т ӣ аз гул, барг, поя, реша, пӯстлох, самар, равған, шира ва шилми растаниҳо тайёр карда мешавад. Macалан, аз чормағз, тут, бед, зардолу, анҷир, газ, бобуна, бӯймодарон, сарсабил, оқирқирҳо, пудина, кунҷид, зарпечак ва ғайра Муфрадоти ҳайвонӣ аз одам, чорво, даррандаҳо, хазандаҳо, паррандаҳо ва ҳашарот гирифта мешавад. Ин навъи давоҳоро асосан аз шох, чашм, сум, пӯст, ҷигар, заҳра, гӯшт, чарбу, хун, нохун, устухон, мӯй ва ғайра тайёр мекунанд. Муфрадоти ҷамодиро аз чизҳои беҷон, аз ҷумла сангҳои гуногун, гил ва хок, ҷавоҳирот, фулузот, алмос, оҳак, гач, намакҳо ва дигар маъданҳо ҳосил мекунанд.

Давоҳо аз тариқи пухтан, куфтан, ос кардан, сӯхтан, тақтир кардан, дар об ҷӯшондан ё тар кардан, равған, ангишт ё хокистар ҳосил кардан ва ғайра тайёр карда мешаванд. Ба ақидаи уламои тиб дар як даво дар ҳудуди чаҳор дараҷа мизоҷи ба худ хосе дорад, ки дар як дараҷа дар навбати худ аз ҳадди аввал, васат ва охир иборат аст ва ҳамаи инҳо 48 тафсилотро дар табиати давоҳо дар бар мегиранд (нигаред Мизоҷ). Ба ғайр аз ин давоҳо зиёда аз 100 сифати умумӣ низ доранд, аз ҷумла, ҷолӣ (поккунанда), ҷозиб (кашанда), ҷомид ё муҷаммид (бастакунанда), холиқ (сутуранда ва тарошанда), ҳаккок ё муҳаққиқ (бахоришоваранда), хотим (хатмкунанда), родеъ (манъкунанда, радкунанда ва пастгардонанда), осир (фишоранда), ғассол (шустушӯдиҳанда), қотил (кушанда), қошир (харошандаи пӯст ва ҷудокунандаи он), ковӣ (доғкунанда ва сӯзанда), косирурриёд (шикананда ва дафъкунандаи бод), лодиғ (газанда), ла-зич (часпанда), мубаррид (сардкунанда), мубаддӣ (баҳаракатоварандаи қуввати бод), муҷаффиф (хушккунанда), муҳаммир (сурхкунанда ва тафсонанда), мухашшин (дурушт ва дағалкунанда), мудаммил (васеъкунаида ва чоккунанда), мураххӣ (сусткунанда), мураққиқ (суюқкунанда), мусаддид (банду баст оваранда), музаллиқ (лағжонандаи фузул), мусаккин (таскиндиҳанда), мусдил (исҳолкунанда), муслиб (сахткунанда), мутаффӣ (пасткунандаи ҷӯшу хӯрӯши ахлот), муарриқ (арақоваранда), муаттис (атсаоваранда), муаттиш (ташнагиоваранда), муғаррӣ (часпонанда ва часпанда), муфаттед (кушояндаи бастагиҳо), муаффин (бадбӯгардонанда), муфаттит (шикананда ва поракунан-даи сангреза), муфаҷҷиҷ (хомкунанда), м у фарре ҳ (фараҳоваранда), муфашшӣ (парокандакунанда), мукаттеъ (ҷудокунанда), муқаййй (қайоваранда), муқарреҳ (захмкунанда), муқаввӣ (қувватбахшанда), манэич (пазонанда),мунаффих(бод-ноккунанда), мувассихи қурӯ (чирковаранда дар захмҳо) ва ғайра Нигаред низ Дору.

Ҳ.  Зоҳидов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …