Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУФОРИҚОТ

МУФОРИҚОТ

ibn-sinoМУФОРИҚОТ, муфорақот (арабӣ ҷамъи cJjli» — ҷудоӣ аз ҳамдигар), дар фалсафаи асримиёнагии Шарқ ҷавоҳири ақлӣ ва нафсиро гӯянд, ки аз модда ҷудо буда, дараҷаҳои гуногун дорад. Моҳияти ашё, ки дарёфтаи ақл аст, ба Муфориқот дохил мешавад. Нафси нотиқаи инсониро Муфориқоти сифлия ва ақлҳои фалакиро Муфориқоти улвия гуфтаанд. Лафзҳои куллиро низ аз чузъҳои Муфориқот донистанд. Дар асарҳои фалсафӣ Муфориқотро ба маҳсулот (ашёи ҳисшаванда) муқобил гузоштаанд. Macалан, Ибни Сино навиштааст: «Ва нафси мардум пайдост, ки ҷавҳари малакист чун камоли худ ҳосил карда бошад, зеро ки сурати ақлиест муфориқ».

К. Олимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …