Маълумоти охирин

МУФЛОН

mufflonМУФЛОН (франсавӣ mouflon, италявӣ muflone), гӯсфанди ваҳшӣ (Ovis orientalis), ҳайвони ҷуфтсуми ваҳшист аз ҷинси гӯсфанд. Муфлон миёнҷусса, дарозиаш то 115 сантиметр, баландиаш то 83 сантиметр, пойҳои дароз, шохи нисбатан сабуки камоншакл (дарозии шохи Муфлони нар то 75 сантиметр) дорад. Муфлони мода одатан бешох аст. Вазни Муфлони нар 50—70 килограмм ва модааш 30—35 килограмм. Пашмаш кӯтоҳ, зичи дурушти зардчаи бӯртоб ва бӯри сиёҳтоб. Аз 2—3-солагӣ насл медиҳад. Даври ҳамлаш 5 моҳ 1—2-то бача мезояд. Ареали Муфлон хеле васеъ (баландиҳои аз 300— 500 то 3000 метр аз сатҳи баҳр) буда, гала-гала (аз 3—5 то 40—50 cap) вомехӯрад.

Хӯроки он алаф ва баргу шохи буттаю дарахт аст. Асосан дар мавзеҳои кӯҳсори Осиёи Хурд, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, инчунин ҷануби Закавказия, ҷануби ғарби Осиёи Миёна паҳн гаштааст. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ду зернамуди Муфлон (0. or. vignei ва О. or. severtzovi) асосан дар қаторкӯҳҳои Олой, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Вахш, соҳилҳои дарёи Оби Хингоб ва атрофи Ишкошиму Сари-хосор вомехӯрад. Саршумори Муфлон соли 1977 10 ҳазорро ташкил мекард. Муфлонро барои гӯшту пӯсташ шикор мекунанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва аз чумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  шикори Муфлон манъ буда, ба «Китоби сурх»-и Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дохил шудааст. Дар ғӯруҳи Даштиҷум (50 ҳазор гектар) ва Қаротоғ (15 ҳазор гектар) дар қатори дигар ҳайвонҳо Муфлон низ муҳофизат карда мешавад.

Адабиёт: Цалкин В. И., Горные бараны Европы и Азии. Москва, 1951: Сапожников Г. Н., Дикие бараны (род Ovls) Таджикистана, Душанбе, 1976

Г. Н. Сапожников.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …