Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУДОФИА

МУДОФИА

mudofiaМУДОФИА, мудофиа (ар. — дифоъ кардан, ҳимоя ва тарафдорӣ кардан), навъи ҷанг, ки бо мақсади пешгирӣ кардан ё зада гардонидани ҳуҷуми душман, шикаст расондан ва мавқеъро нигоҳ доштан ва барои ҳуҷум шароит ба вуҷуд овардан ба вуқӯъ меояд. Аксараи қӯшун дар шароити номусоид ё номувофиқии ҳуҷум ба Мудофиа мегузарад. Мудофиа вобаста ба вазифа ва қувваю воситаҳое, ки ҷалб карда мешаванд, дорои аҳамияти стратегӣ, оперативӣ ва тактикӣ мешавад.

Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна шаҳру қалъаҳоро бо мақсади Муудофиа истифода мебурданд. Баробари яроқи оташфишон гирифтани армияҳо сохтмони истеҳкоми майдони ҷанг cap шуд ва тарзи Мудофиа такмил ёфт. Дар давраи муҳорибаи Севастополь (солҳои 1854—55) бори аввал хатти мудофиаи 1000—1500 м мавқеи муҳофизан артиллерия барпо карда шуд. Дар Ҷанги русу япон (1904—05) аскарони рус дар вақти Мударриси Порт-Артур хандақканӣ, роҳи алоқа, мавқеи мудофиавии тӯлонӣ (то 2—3 км) ва ҳадҳои мудофиашавандаи ақибгоҳиро ба кор бурданд. Дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ қӯшунҳо дар якчанд мавқеъҳои мудофиавӣ ҷой (мегирифтанд ва аз ҳамдигар 3—4 км дарунтар воқеъ буданд. Дар паси ин мавқеъҳо. ки тири тӯпи душман намерасид, хатти мудофиавии эҳтиётӣ сохта мешуд. Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) дар шароити истифодаи артиллерияи дурандоз, танк ва авиация Мудофиаро боз тӯлонӣ барпо мекарданд. Мас. хатти Мудофиаи корпуси Армияи Сурх то 15 км ба тарафи дарун буд ва ду хатти Мудофиа 4—о км, 2—3 қатор хандақ дошт. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мудофиа махсусан дар муҳорибаи назди Москва (1941— 42) ва муҳорибаи Ленинград (1941— 44), муҳорибаи Курск (1943), амалиёти мудофиавии Балатон (1945) ва ғ. истифода бурда шуд.

Дар шароити ҳозира дар Мудофиа ба ҷиҳати зиддиядроӣ, зиддиартиллерӣ, зиддитанкӣ ва ҳуҷуми ҳавоӣ диққати калон медиҳанд, асоси Мудофиа истифодаи бомаҳорати маҳал, иншооти инжеиерӣ, ба кор бурдани сад, тақсимоти қӯшун ба қитъаҳо ва ақибгоҳ аст. Ҳангоми Мудофиа бояд бо тамоми намуди аслиҳа зарба зада шавад, ҷой иваз гардад, ҳуҷум ва зарбаи ҷавобӣ бошад. Сифати маънавию ҷангии қӯшун, матонати он, алоқаи доимӣ ва идоракунии муттасили қӯшун ба муваффақият меоварад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …