Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУДОФИА АЗ ҲУҶУМИ ҲАВОӢ (ПВО)

МУДОФИА АЗ ҲУҶУМИ ҲАВОӢ (ПВО)

pvoМУДОФИА АЗ ҲУҶУМИ ҲАВОӢ (ПВО), маҷмӯи чорабиниҳо оид ба зада гардонидани зарбаи ҳавоии душман. ПВО се навъ мешавад: ПВО-и мамлакат, ПВО-и қӯшунҳо ва ПВО-и флот. ПВО-и мамлакат дар СССР маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ ва амалиёти ҷангии қӯшунҳои ПВО-и мамлакат буда, муҳофизати аҳолӣ, районҳои муҳим, марказҳои маъмурӣ-сиёсӣ, саноатӣ-иқтисодӣ ва дигар иншооти муҳими харбӣ-иқтисодӣ ва ғ-ро таъмин мекунад. ПВО-и қӯшунҳо ҷамъи қувваҳои ҷанги ва воситаи подразделенияҳо, қисмҳо ва соединенияҳои қӯшунҳои ПВО-и қӯшунҳои хушкигард мебошад, ки якҷоя бо қӯшунҳои ПВО-и мамлакат оид ба зада баргардондани зарбаҳои ҳавоии душман гузаронида мешавад. ПВО-и флот бо воситаҳои киштиҳои ПВО ҳамроҳи қӯшунҳои ПВО-и мамлакат ба амал оварда мешавад. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) ПВО яке аз роҳҳои таъмини амалиёти қӯшунҳо (қувваи флот) ба шумор мерафт ва то нимаи солҳои 50 бештар характери мудофиаи зиддисамолётӣ дошт. Аз миёнаи солҳои 50 дар инкишофи ПВО марҳилаи нав cap шуд, яъне қувваҳои мусаллаҳи як қатор давлатҳо бо яроқи ядроӣ, ракетаҳои баллистӣ ва қанотдор, авиацияи реактивӣ ва техникаи радиоэлектроникӣ таҷҳизонида шуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …