Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «МУБОРИЗАИ СИНФӢ ДАР ФРАНЦИЯ АЗ СОЛИ 1848 ТО СОЛИ 1850»

«МУБОРИЗАИ СИНФӢ ДАР ФРАНЦИЯ АЗ СОЛИ 1848 ТО СОЛИ 1850»

muborizai-sinfi«МУБОРИЗАИ СИНФӢ ДАР ФРАНЦИЯ АЗ СОЛИ 1848 ТО СОЛИ 1850», асари К. Маркс. Дар он зимни ҷамъбасти таҷрибаи Револютсияи 1848 дар Франция нуқтаҳои асосии материализми таърихӣ, назария ва амалияи муборизаи синфии пролетариат инкишоф ёфтаанд. К. Маркс дар ин асари худ сабабҳо, характер ва рафти Револютсияи буржуазию демократии 1848-и Францияро таҳлил намуда, барои омӯзиши давраи томи таърихӣ бори аввал методи материализми диалектикиро истифода бурдааст. К. Маркс роли синфҳои гуногун ва гурӯҳҳои иҷтимоиро дар революция дар мисоли Франция таҳлил намуда, революцияро «локомотиви таърих», оммаи халқро қувваи асосии пешбарандаи он мешуморад. Ӯ вазъияти таърихӣ ва тезу тундшавии муборизаи синфиро таҳқиқ намуда, аксулинқилобчӣ, душмани ашадии пролетариат ва садди роҳи революция ва демократия будани буржуазияи франсавиро ошкор сохта аст. К. Маркс пролетариатро қувваи ягонаву асосии ҳаракати революционӣ ва прогресси таърихӣ медонад.

Дар ин асар К. Маркс аҳамияти умумиҷаҳонию таърихии шӯриши июниро ошкор сохта гуфта буд: «…дар байни ҳар ду синфе, ки ҷамъияти ҳозира ба онҳо ҷудо мешавад, ин шӯриш аввалин ҷанги бузурге буд» (Маркс К. ва Энгельс Ф., Ас. мунт.. ч- 1. Дм 1963, саҳ. 150).

К. Маркс зарурати аз тарафи синфи коргар ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро исбот намуда, бори нахуст истилоҳи «диктатураи пролетариат»-ро истифода бурда, онро зинае меномад, ки «… ба маҳв кардани умуман тафовутҳои синфӣ, ба маҳв кардани ҳамаи муносибатҳои истеҳсол не, ки ин тафовутҳо ба онҳо такья мекунанд. Ба маҳв кардани ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятие, ки ба ин муносибатҳои истеҳсолӣ мувофиқ меоянд. ба қатъиян дигаргун кардани ҳамаи идеяҳое, ки аз ин муносибатҳои ҷамъиятӣ cap зада мебароянд, бурда мерасонад» (ҳамон ҷо саҳ. 218).

К. Маркс воқеаҳои июниро таҳлил намуда. номуташаккилии пролетариат ва аз тарафи деҳқонону буржуазияи майдаи шаҳр дастгирӣ наёфтани онро сабабҳои асосии шикасти революция медонад, К. Маркс таҷрибаи Револютсияи 1848-и Францияро ба инобат гирифта, ба чунин хулосаи муҳими назариявию сиёсие меояд, ки иттифоқи пролетариат бо деҳқонон яке аз шартҳои асосии ғалабаи революция ва барқароршавии диктатураи пролетариат аст. К. Маркс мақоми буржуазияи майдаи шаҳрро ҳамчун иттифоқчии пролетариат ошкор сохта, дар айни ҳол намояндагони сиёсӣ ва идеологҳои онро сахт танқид кардааст.

К. Маркс дар мисоли баромади партияи майдабуржуазии Гора (13 июни 1849) нотавонии онро барои сарварӣ кардан ба муборизаи революционӣ нишон дод. Дар ин асар нуқтаҳои муҳимтарини материализми таърихӣ: алоқамандии базису надстройка ва мақоми ҳалкунандаи базаи иқтисодӣ дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ, муборизаи синфҳою картинҳо ва мавқеи роҳбарикунандаи пролетариат дар революция, роҳи табаддулоти революционӣ ва оммаи халқ дар таърих, давлат ва аҳамияти ғояҳои ҷамъиятӣ дар инкишофи таърих ҳаматарафа таҳқиқ гардидаанд. Ақидаҳои мазкури К. Маркс дар асарҳои минбаъдааш инкишоф ёфтаанд. «Мубориза» борҳо ба забонҳои гуногун тарҷумаю нашр шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …