Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУБОДИЛАИ МОДДАҲО

МУБОДИЛАИ МОДДАҲО

mubodilai-moddahoМУБОДИЛАИ МОДДАҲО метаболизм, тартиби мунтазами табаддулоти моддаҳо ва энергияро гӯянд, ки мавҷудият ва аз нав барқарор шудани табиати зиндаро таъмин менамояд. Мубодилаи моддаҳо нишонаи муҳимтарин ва ҳатмии ҳаёт аст. Вай инчунин маҷмӯи ҳамаи реакцияҳои химиявӣ дар организм мебошад. Ба ақидаи Ф. Энгельс хусусияти муҳимтарини ҳаёт мубодилаи мунтазами моддаҳо бо муҳити атроф мебошад, ки қатъ гардидани он боиси ба охир расидани ҳаёт мегардад. Аз муҳити беруна мунтазам ба организм дохил шудани моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ва аз организм хориҷ шудани маҳсулоти таҷзияи онҳо — ин аст моҳияти Мубодилаи моддаҳо Мубодилаи моддаҳо ба шароити зиндагӣ, хусусиятҳои ирсӣ, синну сол, ҷинс, вазъи физиологӣ ва ғ. вобаста буда, дар ҳар як навъ организм шакли хосе дорад. Рушду камол, афзоишу маҳсулнокии организмҳо ба мураттабии Мубодилаи моддаҳо вобаста аст.

Асоси Мубодилаи моддаҳоро ду навъ реакцияҳои ферментативӣ ташкил медиҳанд: 1) реакцияҳое, ки синтези моддаҳои ҳуҷайра, аз тарафи хуҷайраҳо аз худ карда шудани моддаҳои аз муҳити беруна ба организм дохилшаванда, аз моддаҳои содда ҳосил шудани моддаҳои мураккабро таъмин менамоянд. Ин реакция ассимиляция ном дошта, ҳангоми ҷараёни он энергия сарф мешавад; 2) реакцияҳое, ки моддаҳои аз муҳити беруна ба организм дохилшударо таҷзия мекунанд. Ин процесс диссимиляция ном дорад. Энергияе, ки ҳангоми таҷзияи моддаҳои ғизоӣ ҷудо мешавад, барои нигоҳ доштани ҳарорати бадан, процессҳои синтези моддаҳо, кашишхӯрии мушакҳо, ба вуҷуд овардани импулсҳои асаб, дар меъёри муайян нигоҳ доштани дараҷаи концентрацияи ионӣ дар дохилу беруни ҳуҷайра, процессҳои ихроҷу ҷаббиш ва дигар омилҳои фаъолияти ҳаётӣ истифода мешавад.

Ба туфайли Мубодилаи моддаҳо дар организми зинда моддаҳои ғизоӣ ба моддаҳои барои фаъолияти ҳаётии организм зарур табдил меёбанд ва организм онҳоро чун материали буньёди қисмҳои таркибии бадан (бофта, мушак, хун ва ғ.) ва манбаи энергия истифода мебарад. Иштироки пайвастҳои гуногун дар Мубодилаи моддаҳо як хел нест. Мас., сафеда чун ашьёи чандир истифода мешавад; ангиштобу чарбуҳо бошанд, манбаи энергияанд (аз 40 то 80%. энергияро медиҳанд). Дар табаддулоти модда дар организм витаминов, об ва пайвастҳои минералӣ мақоми калон доранд. Витаминҳо дар бештарин реакцияҳои ферментативӣ иштирок мекунанд. Госплан витамини А ба таркиби пигментӣ босира дохил мешавад. Дар мубодилаи минералӣ Na, К, Са, Р инчунин микроэлементу ва дигар моддаҳои ғайриорганикӣ роли муҳим мебозанд. Ҳангоми процессҳои знергетнкии Мубодилаи моддаҳо бошад, эфирҳои кислотаи фосфат (махсусан кислотаҳои аденозинфосфат) роли ҳалкунанда доранд (ниг. низ Биоэнергетика).

Ба туфайли он ки дар процесси фаъолияти ҳаёти Мубодилаи моддаҳо тағйир ёфта меистад, организмҳо ба шароити дигаргуншудаи ҳаёт мутобиқ мешаванд. Ҳангоми тағйирёбии шароит як қатор механизмҳое, ки Мубодилаи моддаҳоро ба самти барои организм зарур равона месозанд, ба кор медароянд. Мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳо дар натиҷаи ба ҳолати мувозинати динамикии реакцияҳои ферментативӣ таъсир намудан ба танзим медароянд. Танзими процессҳои мубодилавӣ бошад, аз рӯи принципи худтанзимкунӣ аз ҳисоби тағйироти миқдори моддаҳои гуногун дар он ба вуҷуд меояд. Дар мубодилаи ҳуҷайравии моддаҳо мембранаи биологии сафедавию липидӣ, ки ҳуҷайраро иҳота мекунанд, роли муҳим мебозанд. Ба ҳуҷайра дохил ва аз он берун шудани моддаҳои гуногун ба воситаи ин мембранаҳо ба танзим дароварда мешаванд. Шакли олии танзими Мубодилаи моддаҳо дар ҳайвонот ва одам таъсироти асабию гуморалӣ буда, ба воситаи системаи асаби марказӣ ва негетативӣ ба амал бароварда мешавад. Вайроншавии Мубодилаи моддаҳо ҳангоми ҷараёни ҳар як беморӣ мушоҳида мешавад. Аломатҳои зоҳирии он инҳоянд: кам ё барзиёд захирашавии моддаҳое, ки дар Мубодилаи моддаҳо иштирок мекунанд; тағйирёбии таъсири мутақобил ва характери табаддулоти онҳо; захирашавии маҳсулоти мобайлии Мубодилаи моддаҳо; ҳосил шудани моддаҳое, ки ба мубодилаи мӯътадили моддаҳо хос нестанд. Вайроншавии Мубодилаи моддаҳоро асосан бо роҳи бартараф кардани иллатҳои асосие, ки онро ба вуҷуд меоранд, муолиҷа мекунанд.

Дар як қатор мактабҳои олӣ ва лабораторияи институтҳои тадқиқоти илмии республика оид ба масъалаҳои гуногуни Мубодилаи моддаҳо тадқиқот мебаранд. Мас., дар кафедраи биохимияи Институти давлатии тибии Тоҷикистон фаъолияти ферментҳо ва метаболизми бофтаҳо дар шароити адаптация, Институти гастроэнтерологияи АФ РСС Тоҷикистон вайроншавии мубодилаи чарбую липондҳо дар бемороне, ки гирифтори дарди санги заҳрадонанд, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсири мубодилаи баъзе микроэлементҳо ба баланд шудани маҳсулиокии ҳайвонот ва ғ. омӯхта мешаванд.

Ад.: Фердман Д. Л., Биохимия, М., 1966; Кретрвич В. Л., Основы биохимии растений. М., 1971; Химия биологически активных природных соединений, М.,1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …