Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУБОДИЛА

МУБОДИЛА

mubodilaМУБОДИЛА (ар. бадал кардан, иваз намудан) дар иқтисодиёт, доду гирифти неъматҳои моддӣ, ки дар асоси фаъолияти тарафайни одамон ба вуқӯъ меояд. Мубодила боиси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат гардида, дар истеҳсолот Мубодилаи фаъолиятиро (ивази таҷриба, дониш, комёбиҳои истеҳсолию техникӣ ва ғ.) дар байни истехсолкунандагони алоҳида бошад, Мубодилаи молиро ба вуҷуд меоварад. Мубодилаи маҳсулот дар ҷамоаи ибтидоӣ характери тасодуфӣ дошт. Аввалин тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар Мубодилаи байни ҷамоаҳо ба амал омада, ба процесси мунтазами Мубодилаи маҳсули меҳнат табдил ёфт ва яке аз фазаҳои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ гардид. Риводи Мубодила ҷаҳони молиро ба мол ва пул ҷудо кард. Мубодилаи молӣ шакли муомилоти молиро мегирад ва дар байни истеҳсолкунандагони ҷудогона чун яке аз шаклҳои робитаи иқтисодӣ хизмат мекунад. Дар давраи тақсими асосии ҷамъиятии меҳнат (ба вуҷуд омадани савдогарон) тиҷорат чун соҳаи алоҳидаи фаъолияти одмон пайдо шуд. Мубодила дар процесси такрористеҳсол истеҳсол ва тақсимотро аз як тараф, истеъмолро аз тарафи дигар ба ҳам алоқаманд мекунад. Одамон талаботи худро дар процессҳои гуногуни фаъолияти тарафайн бо ёрии Мубодила қонеъ мегардонанд. Характери тақсимоти меҳнати ҷамъиятӣ дар шаклҳои Мубодила ифода меёбад. Дар корхонаҳое, ки тақсимоти меҳнат вуҷуд дорад, дар байни кормандони алоҳида, танҳо дар процесси истеҳсолот, бевосита цеху участкаҳо ва дар натиҷаи истеҳсоли якҷояи маҳсулот Мубодилаи фаъолияти онҳо ба вуҷуд меояд. Характер ва шакли Мубодила бевосита бо муносибатҳои истеҳсоли муайян карда мешавад. Дар шароити моликияти хусусӣ анархия, рақобат, қашшоқшавии меҳнаткашон ва бойшавии синфҳои ҳукмрон хусусияти хоси Мубодила аст. Дар давраи ғуломдорӣ ва феодалӣ ба Мубодила қисми маҳсулоти хоҷагиҳои натуравӣ, дар давраи. капиталистӣ бошад, тамоми маҳсули меҳнат ва қувваи коргарӣ дохил мегардад. Мубодила дар давраи капиталистӣ ҳамчун воситаи реализацияи арзиши изофа хизмат карда, манфиати буржуазияро ҳимоя ва зиддиятҳои онро рупӯш мекунад. Мубодила дар давраи социализм ба манфиати меҳнаткашон хизмат мекунад, муносибатҳои ҳамкорӣ ва тарафайни онҳоро инъикос менамояд. Мубодила дар натиҷаи тараққии илму техника, таҷрибаи пешқадаму методологияи меҳнати навоварони истеҳсолот васеъ инкишоф меёбад.

Ад.: Маркс К., Капитал, т. 1, Маркс К., Энгельс Ф., Ас. мунт.,

Ч. 2. Д.. 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …