Маълумоти охирин

«МУБАРҚАЪ»

«МУБАРҚАЪ» (ар. —бурқаъдор, пардадор, пинҳоншуда), яке аз шӯъбаҳои «Дувоздаҳмақом». Бо оҳанги махсус иҷро мешудааст. Бино ба маълумоти дастхатҳои қадим Мубарқаъ савте мебошад, ки пардаҳои он аз «Ҳусайнӣ» болотар ва аз «Аҷам» поёнтар мавқеъ доштааст. Мубарқаъ дар мусиқии имрӯза амал надорад. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Рисолаи мусиқӣ» нағмаҳои Мубарқаъро чунин эзоҳ медиҳад: «… ва асли он ду нағма аст: савт ва аз барои тазмини алхон аз тарафи аҳад (баландии овоз) се буъд изофа кунанд ва аз тарафи аскал (плстин овоз)—се буъд». Шӯъбаи Мубарқаъ бо системаи нотанависии имрӯза чунин тасвир меёбад:

Ад.: Джами Абдуррахман., Трактат о музыке, Ташкент, 1900.

А. Низомов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …