Маълумоти охирин

МУБАД

mubadМУБАД, мубад (дар матнҳои забони форсии миёнапаҳлавӣ дар шакли mgwpt — магупат вомехӯрад ва аз ду ҷузъ таркиб ёфтааст: маг-мyғ ва пат—сардор, пешво), рӯҳонӣ, олим ва донишманди зардуштия. Мубадон табақаи дорои давлати Сосониён ба шумор мерафтанд. Иҷрои шарту оинҳои зардуштия, ба ҷо овардани ситоишу ниёиш, овардани қурбониҳо ва ғ. таҳти роҳбарии бевоситаи Мубад анҷом меёфт. Мубад инчунин сардори дайри муғон, дар оташкадаҳо маҳфуздорандаи оташи фурӯзон буд. Вазифаи пок доштани зардуштия, афзудани шумораи пайравони он, мубориза ба муқобили ихтилофоти зардуштиён ва монеъ шудан ба паҳншавии динҳои дигар ба зиммаи Мубадон гузошта шуда буд. Мубадон инчунин қонунгузории давлатӣ, суд ва таълиму тарбияи ҷавононро ба ӯҳда доштанд. Шахсонеро, ки бо таълиму тарбияи ҷавонони зардуштӣ машғул буданд, хирбад (herbad) ва сардори ин гуна шахсонро «хирбадон хирбад» — хирбади хирбадон меномиданд. Сарвариву ташкили корӣ Мубад дар ихтиёри «Мубадон мубад»— мубади мубадон буд. Мубади мубадон дар давлати Сосониён яке аз муқаррабони шоҳ ба шумор рафта, иқтидори бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дошт, ба корҳои дохилӣ ва хориҷии давлат, сиёсати он дахолат мекард. Аввалин шоҳи сосонӣ — Ардашер бо номи Тансар (дар шаклҳои Тосар ва Тусар низ вомехӯрад) мубади мубадон дошт, ки он чанде аз Мубадро ҷамъ оварда, китоби Авесгоро аз нав (пас аз он ки Искандари Мақдунӣ як нусхаи онро сӯзонида, яктои дигарашро ба Юнон фиристод) таҳриру танзим намуд. Мубади машҳури давраи ҳукмронии подшоҳони сосонии баъди Ардашер Картир буд. Аз ӯ дар мавзеъҳои Нақши Рустам, Нандин Раҷаб, «Каъбаи зардушт» катибаҳо (ниг. Катибаҳои партир) боқӣ мондаанд. Мубадон пас аз ҷорӣ гардидани дини ислом низ фаъолияти худро қатъ накарданд. Дар асарҳои Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон. Мубадон ёдоварӣ карда мешаванд. Мубадон холо дар байни иайравони имрӯзаи зардуштия (иореҳо), ки дар штати Гуҷароти Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд, мавҷуданд. Вазифаи онҳо вобаста ба шароити замон тағйир ёфтааст. Калимаи «мубад»-ро онҳо бо калимаи «дастур» иваз кардаанд. Аз байни дастурон — Мубадҳои имрӯза олимон ва авестошиносони машҳур баромадаанд.

Ад.: Луконин В. Г., Культура сасанкдского Ирана. Иран в III—V вв., М., 1969; Фрaз Р. Н., Наследие Ирана, М., 1972.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …