Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУАССИСАҲОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ

МУАССИСАҲОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ

МУАССИСАҲОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ дар СССР, муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дастурию методӣ оид ба корҳои берун аз мактаби бачагону наврасон буда, бо мактаб ва ташкилотҳои пионерию комсомолӣ алоқамандона кор мебаранд, масъалаҳои тарбияи коммунистии насли наврасро якҷоя ҷорӣ менамоянд. Муассисаҳо ду навъанд: навъи умумӣ ва, махсус. Муассисаҳои навъи умумӣ бо бачагону наврасон аз рӯи соҳаҳои гуногуни илму техника, маданият, спорт ва туризм дар қаср ва хонаҳои пионерону мактаббачагон, клубҳо, боғҳои бачагон ва ғ. кор мебарад. Ба Муассисаҳои махсус стансияҳoи техникҳои ҷавон, стансияҳои табиатшиносоии ҷавон, мактабҳои спортии бачагону ҷавонон, лагерҳои пионерӣ ва ғ. дохиланд. Ба Муассисаҳо китобхонаҳо, театрҳо ва кинотеатрҳои бачагона низ дохил мешаванд.

Муассисаҳо дар ихтиёри вазоратҳои маориф, маданият, роҳҳои оҳан, флотҳои дарьёиву баҳрӣ, инчунин иттифоқҳои касаба, комитетҳои физкультураю спорт ва ғ. буда, таҳти роҳбарии онҳо ва комитетҳои комсомол кор мекунанд.

Муассисаҳо тамоми сол амал карда, бо корҳои зерин машғул мешаванд; ташкили оммавӣ—слётҳо, идҳо, лекторияҳо, конкурсҳо ва ғ.; дастури методӣ — бо пионерону комсомолони фаъол, сарвожатии пионерон ва вожатии отрядҳо, педагогҳо, бо роҳбарони кружокҳою клубҳои гуногун ва дигар натиҷаҳои беҳтарини кори беруназмактабии бачагонро ҷамъбаст ва паҳн менамоянд; таълимӣ — кружокҳои гуногун, клубҳо, ҷамъиятҳо, ансамблҳои рақсу суруд ва ғ. Корҳои берун аз мактаб ҳархелаанд; ҷамъиятӣ-сиёсӣ — отрядҳои пайшиносони сурх, музейҳои кишваршиносӣ, шарафи ҷангӣ ва меҳнатӣ, таърихи ташкилотҳои комсомолӣ ва пионерӣ ва ғ.; корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ— ёрӣ ба сохтмонҳо, колхозҳо ва совхозҳо. бригадаҳои истеҳсолии хонандагон ва ғ.; тарбияи ҷисмонӣ в а спорт — клубҳои спортӣ ва туристӣ, спартакиадаҳо, бозиҳои ҳарӣ-спортӣ, мусобиқаҳо барои мукофоти г. «Пионерская правда»; бадеӣ-эҷодӣ — изостудия, ансамблҳо ва коллективҳои хореографӣ, театрҳои лӯхтак, олимпиадаҳо ва ғ.

Кор дар Муассисаҳо дар асоси программаҳои намунавие, ки вазорати маориф тасдиқ кардааст, бурда мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …