Маълумоти охирин

МУАРРАБОТ

МУАРРАБОТ калимаҳои арабишуда), калимаҳои иқтибосии хориҷӣ дар таркиби луғавии забони адабии арабӣ. Процесси иқтибоси чунин калимаҳо дар забони арабӣ пеш аз ислом cap шуда, то имрӯз идома дорад. Қисми умдаи Муарработро калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ ташкил дода, дар баробари он аз забонҳои юнонӣ, лотинӣ, англисӣ, франсавӣ, туркӣ, италиявӣ ва ғ. низ калимаҳои зиёде ба забони арабӣ дохил гаштаанд. Муарработ аз ҷиҳати миқдор хеле бисьёр буда, ба хусусиятҳои фонетикию грамматикии забони арабӣ мутобиқ шудаанд: «устурлоб «астролобия» «фалсафа» «философия,«мағнотис» <магнит; «мавзаҷ» < муза; «— «ҳандаса» < андоза; 64 «бозақ» < бода; «куштабон» < ангуштпаноҳ//ангуштпона ва ғ. Калимаҳои юнонӣ асосан дар асрҳои 8—9 ҳангоми тарҷумаи китобҳои юнонӣ ба забони арабӣ иқтибос шуда, аксар аз соҳаҳои фалсафа ва илмҳои шабеҳи он мебошанд. Калимаҳои забонҳои европоӣ аз асрҳои 18—19 ин тараф аз соҳаҳои илму техника ва дар асри 20 баъзе калимаҳои сиёсӣ ба забони арабӣ ворид шудаанд. Лекин Муарработи форсӣ-тоҷикӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон оид буда, ниҳоят бисьёранд ва дар таркиби луғавии забони адабии арабӣ гурӯҳ (махсусро ташкил медиҳанд. Дар як худи Қуръон, ки забони он намунаи беҳтарини забони адабии арабӣ ҳисоб меёбад, миқдори зиёди Муарработи форсӣ-тоҷикӣ мавҷуданд. Дар дигар китобҳои илмию адабии асрҳои миёна ва имрӯза шумораи онҳо боз ҳам зиёдтар аст. Дар лаҳҷаҳои арабӣ, махсусан Ироқ ва дигар кшиварҳои арабии халиҷи Форс, калимаҳои форсӣ чунон бисьёранд, ки ба ҳисоб гирифтани онҳо аз никои берун аст. Омӯзиш ва тадқиқи Муарработ на танҳо барои илми забоншиносӣ, балки барои ҳалли бисьёр масъалаҳои таърихи тамаддуни халқҳо низ аҳамияти калон дорад.

М. Умаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …