Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУАЛЛИМИ ХАЛҚИИ СССР

МУАЛЛИМИ ХАЛҚИИ СССР

muallimi-khalkii-sssrМУАЛЛИМИ ХАЛҚИИ СССР, унвони фахрӣ дар системаи маорифи халқ номи фахрии Муаллими Xалқии СССР-ро Президиуми Совети Олии СССР медиҳад. Қоидаи пешниҳод ба ин ном дар низомномаи унвони «Муаллими Халқии СССР», ки Президиуми Совети Олии СССР 30 декабри 1977 тасдиқ кард, муайян шудааст. Муаллими Xалқии СССР бо тавсияи Вазорати маорифи СССР ва Комитети давлатии СССР оид ба маълумоти касбҳои техникӣ ба муаллимони мактабҳои маълумоти умумӣ ва касбҳои техникӣ, коркунони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, методӣ ва дигар органҳои маориф барои хизматҳои барҷаста дар таълиму тарбияи коммунистии бачагон ва ҷавонон, барои фаъолияти барҷаста дар соҳаи маорифи халқ дода мешавад. Ба шахсоне, ки бо номи Муаллими Xалқии СССР сарфароз мегарданд, Грамотаи Президиуми Совети Олии СССР ва нишони нуқрагини сарисинагӣ супурда мешавад.

Аз номи фахрии Муаллими Xалқии СССР фақат Президиуми Совети Олии СССР маҳрум карда метавонад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …