Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУАЛЛАҚОТ

МУАЛЛАҚОТ

МУАЛЛАҚОТ (ар. Ҷамъи «муаллақа» бо унвони Музаҳҳабот (ар. oLjJu —тиллоӣ, заррин) низ машҳуранд, номи ҳафт ва ё нӯҳ манзумаи адабиёти пешазисломии араб. Олимони асрҳои миёна ва давраи нав пайдоиши истилоҳи «муаллақа» ва муносибати онро ба шеър ҳар гуна шарҳ додаанд. Мувофиқи ривоятҳо ин манзумаҳо аз сабаби мақбули хосу ом будан бо хати зар сабт ёфта, бар девори Каъба овехта мешудаанд. Аз ин ҷо, истилоҳи «муаллақа», (ба маънои «муаллақ», «овезол», «овехташуда») пайдо шудааст. Вале муҳаққиқони баъдина маънои дигари феъли «аллақа»-ро ба асос гирифта, муаллақаро ҳамчун «пайваста», «чидашуда» тафсир кардаанд, зеро худи арабҳо низ санъати эҷоди шеърро ба ришта кашидани суханҳои нозуку латиф ва дилписанд шарҳ дода, онро ба зебо чидани «мӯҳра дар ҳамоил ташбеҳ медоданд. Тафсири дуюм дар байни (муҳаққиқон ҳамчун ислоҳе, ки ба Муайянкунандаи функционалӣ дахл дорад, қабул гардидааст. Аввалҳо Муаллақҳо ба таври шифоҳӣ интишор ёфта, аз тарафи ровиён хонда мешуданд. Шумораи Муаллақҳо ва муаллифони онҳоро адабиётшиносони асрҳои миёна ҳар хел нишон додаанд. Ҳафт шоири машҳури пешазисломии араб —Имрулқайс, Тарафа ибни Абд (543—569), Зуҳайр ибни Абусалмо, Ангара ибни Шаддод, Ҳорис ибни Ҳиллиза (вафот охири асри 6), Амр ибни Кулеум (асри 6), Лaбид ибни Робиа (560—661) муаллифони Муаллақҳо ба шумор мераванд. Ба қатори Муаллақҳо инчунин манаумаҳои машҳури шоирон Обид ибни Абрас (охири асри 5 — аввали асри 6), Нобиғаи 3убиёнӣ ва Аъшо (530—629) дохил мешаванд. Дар Муаллақҳо, ки одатан бо баёни хотираҳои шоир дар бораи айёми ҷавонӣ ва гирьяву нолаи ӯ ба ёди маҳбубаву ёрони қарин, дар васфи бошишгоҳи таркшудаи (маъшуқа оғоз меёбад, инчунин васфи табиат ва ҳайвонот (шутур, асп), тасвири зиндагии душвори кӯчманчиён, ҳаҷви харифон ё қабилаи душман, худситоӣ ё фахр аз корнамоиҳои ҳамдиёрон ва дигар мавзӯъҳои лирикию эпикӣ, иҷтимоию ахлоқӣ ирода ёфтаанд. Муаллақҳо аз лиҳози бадеият ва маъно, образҳои ин сухан асарҳои беҳамто ва меъёри шеърсароиву суханварӣ ба шумор мераванд. Ба Муаллақҳо дар асрҳои миёна шарҳу таълиқоти зиёде навишта шудааст. Муаллақҳо ба забонҳои шарқию ғарбӣ, аз ҷумла русӣ, тарҷума ва нашр гардидаанд.

Ад.: Фильштинский И. М., Арабская литература в средние века, М.. 1977;

Т. Мардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …