Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО»

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО»

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО» фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, таълифи Муҳаммад ибни Шайх Лоди Деҳлавӣ. Таълифаш соли 1519 дар Ҳиндустон ба итмом расидааст. Ба қавли муаллиф дар ин фарҳанг луғати сокинони вилоятҳои гуногуни форсизабон, лексикаи мунтахаби асарҳои бадеӣ ва илмӣ, калимаву истилоҳоти аз забони намояндагони соҳаҳои гуногун ва табақаҳои иҷтимоӣ шунидааш дохил шудаанд. Фарҳанг аз рӯи тартиби ҳарфи аввал ва охири калимаҳо сохта шудааст. Калимаҳое, ки дар аввал як хел ҳарф доранд (мас., «б»), дар қисми алоҳидае ҷамъоварӣ шуда «Китоб» ном гирифтаанд. «Китоб» бошад, аз рӯи тартиби ҳарфҳои охири калимаҳо ба бобҳо ҷудо мешавад. Дар як боб дар навбати худ ба се фасл — арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва туркӣ тақсим мешавад. Мураттиби «Муаййид-ул-фузало» аз фарҳангҳои зиёди пеш аз ӯ таълифёфта истифода намудааст. Номи баъзе фарҳангҳо дар «Муаййид-ул-фузало» қайд гардидааст, ки худи онҳо то замони мо нарасидаанд. Аз «Муаййид-ул-фузало» низ фарҳангнависони баъдина истифода кардаанд. «Муаййид-ул-фузало» соли 1899 дар Койпур (Ҳиндустон) ба табъ расидааст.

Ҳ. Рауфов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …