МУҲИИ ЛОРӢ

nophotoМУҲИИ ЛОРӢ      (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Лор. Шогирди Ҷалолуддини Давонӣ. Муҳии Лор дар охирҳои ҳаёти худ ба ҳаҷ рафта, дар бозгашт бо номи «Футуҳ-ул-ҳарамайн» маснавие навиштааст. Муҳии Лор дар анвои гуногуни шеър эҷод карда, хусусан ғазалро хуб месурудааст. Ашъори парокандаи ӯ дар тазкираву сарчашмаҳои адабӣ ба назар мерасад. Муҳии Лор дар илми арӯз низ таълифоте доштааст.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …