Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мсхета

Мсхета

Шаҳри қадима дар ҳудуди РСС Гурҷистон. Бошишгоҳҳои аввалин дар Мсхета ба ҳазораи 2 то мелод тааллуқ доранд. Мсхета то асри 6 пойтахти Иберия (Гурҷистони Шарқӣ), баъд­тар маркази дин дар Гурҷистон буд. Аз соли 1937 дар террериторияи Мсхети мунтазам ҳафриёти археологӣ гузаронида ме­шавад. Дар қисми шимолии шаҳр қабристоне кофта шуд (ҳазораи 2 то мелод—асри 9 мелод), ки дар он ашёи мансуби маросими дафн ёфт шуданд. Дар соҳили рости деҳаи Кура, димнаи акрополи Армазсихи (асри 4—3 то мелод— ибтидои милод), дар Армазисхев боқимондаҳои қаср пайдо шуданд. Дар Мсхета инчунии дайри Самтавра бо маъбадаш ва калисои ҷомеи Светисховелли мутааллиқ ба асри 11 боқи мондаанд. Дар наздикии Мсхета маъбади Ҷвари (солҳои 6—7) мавҷуд аст. Дар замони ҳозира Мсхета шаҳр-мамнуъгоҳи ёдгориҳои меъморӣ. Дорои заводҳои чӯбу тахта, маснуоти сафолӣ, корхонаҳои саноати махаллӣ ва му­зеи кишваршиномӣ мебошад.

Инчунин кобед

21155170584_2b5f3058cc_o

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …